ХАБАРИ ДОҒ

Шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

  • Панҷшанбе, Фев 18 2021

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2020 сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум,  танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

Рушди иқтисодиёт дар соли 2020 муътадил арзёбӣ гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар соли 2020 9,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз афзоиши сатҳи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 13,0 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 5,8 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 4,0 фоиз ба амал омад. 

Дар сохтори маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра бештар тағйирёбии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ки асосан маҳсулоти воридотӣ ва мавсимӣ мебошад, аз қабили орди навъи якум 16,4 фоиз, шакар 40,8 фоиз, равғани пахта 50,7 фоиз, равғани офтобпараст 42,6 фоиз, гӯшти гов 6,2 фоиз, тухм 18,9 фоиз, картошка 19,8 фоиз ва сабзӣ 12,8 фоиз ба қайд гирифта шуданд. Афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дар ин замина маҳдуд шудани ҳамлу нақл тавассути сарҳади давлатҳои шарикони савдо ба вуқӯъ пайваст.

Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ баҳри коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ, қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва нигоҳ доштани раванди муътадилии ҳаҷми пул равона карда шуд. Дар ин давра бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок ба маблағи 14,3 млрд. сомонӣ коғазҳои қиматнок ба муомилот бароварда шуда, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 1,2 млрд. сомонӣ ҷалб карда шуд.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии монетарӣ дар соли ҳисоботӣ бо мақсади коҳиш додани осебпазирии иқтисодиёт аз буҳрон, нигоҳ доштани суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди бахши воқеии иқтисодиёти кишвар тадриҷан 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона нигоҳ дошта шуд.

Ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии низоми бонкӣ дар муқобили таъсири манфии пандемияи коронавирус (COVID-19), меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 01 апрели соли 2020 муваққатан то 

31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,0 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан 1,0 фоиз ва 5,0 фоиз муқаррар карда шуданд. 

Иқдоми пешгирифта дар самти татбиқи чораҳои зиддибуҳронӣ андешида шуда,  имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзиро дар давраи мазкур беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн. сомонӣ дастрасии манбаъҳои иловагии пардохтпазириро барои ташкилотҳои қарзӣ  таъмин намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ қурби расмии сомонӣ 16,6 фоиз коҳиш ёфта, баъд аз тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаина барои 1 доллари ИМА 11,30 сомонӣ муқаррар гардид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби бозори ғайрибонкии доллари ИМА ба 0,8 фоиз баробар шуд. 

Тағйирёбии қурби асъор дар соли ҳисоботӣ асосан дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, коҳиш ёфтани қурби асъори миллии кишварҳои шарикони асосии савдо,  камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ  ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, маҳдуд гардидани равобити марзӣ, болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, инчунин идома ёфтани касри тавозуни савдои кишвар  ба амал омад. 

Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 69 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 

1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Шумораи филиалҳо бо назардошти равзанаи бонкии исломӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли ҳисоботӣ 1 935 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 10 адад зиёд шуданд, ки ин ба васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату муосири молиявӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба  санаи 31 декабри соли 2020 маблағи 26,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2019 19,7 фоиз зиёд шудаанд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошанд, мувофиқан ба 19,1 млрд. сомонӣ ва 

7,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, зиёдшавии онҳо дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2019 мутаносибан 21,5 фоиз ва 15,2 фоизро ташкил доданд. Меъёри кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ дар доираи талаботи нишондиҳандаи мақбул таъмин гардида, даромаднокии дороиҳо ва сармоя нисбат ба соли қаблӣ афзуданд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 бақияи умумии пасандозҳо 11,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,7 млрд. сомонӣ  ё 17,2 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок дар низоми бонкӣ бо пули миллӣ 9,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 5,1 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ мувофиқан 0,7 ва 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошанд.

Теъдоди пасандозҳои ҷалбшуда бошад, 5,9 млн. ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 7,0 фоиз зиёд мебошад. Нишондоди мазкур аз зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзӣ гувоҳӣ дода, аз ҷониби дигар далели беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Соли 2020 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ     10,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 4,7 фоиз ё ба маблағи 446,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ дар ин давра ба 11,0 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2019 12,0 фоиз ё 

1,2 млрд. сомонӣ афзуд. 

Аз ҷумла, аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар соли 2020 41,0 фоиз ё 

4,1 млрд. сомонӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд. Меъёри фоизи ба соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ додашуда ба 17,7 фоиз бо пули миллӣ ва 13,3 фоиз бо асъори хориҷӣ ташкил намуда, нисбат ба соли 2019 мувофиқан 1,2 ва 3,4 банди фоизӣ паст мебошад.

Ҳамзамон, ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 29,7 фоиз ба соҳаҳои истеъмолот, 15,8 фоиз савдои хориҷӣ, 15,3 фоиз кишоварзӣ, 12,3 фоиз хизматрасонӣ, 11,6 фоиз саноат, 10,5 фоиз сохтмон, 1,0 фоиз хӯроки ҷамъиятӣ, 0,7 фоиз нақлиёт, 0,2 фоиз миёнаравии молиявӣ ва  дигар соҳаҳо 2,9 фоиз рост меояд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 1 281 адад ва 5 710 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2019 шумораи банкоматҳо 403 адад ва терминалҳои электронӣ 362 адад зиёд шудааст. 

Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи ҳисоботӣ 3,25 млн. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 30,8 фоиз зиёд мебошад. 

Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ 1 ,7 млн. ададро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 наздики 1,4 млн. адад (4,9 маротиба) афзудааст. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ 10,7 млн. адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 543,1 млн. сомонӣ анҷом дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2019 аз рӯи шумораи амалиёт 8, 8 млн. адад 

(5,7 маротиба) ва аз рӯи ҳаҷми амалиёт 440,8 млн. сомонӣ (5,3 маротиба) зиёд мебошанд.   

Умуман, дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 48,8 млн. адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2019 аз рӯи шумора 40,2 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 

2,2 маротиба зиёд мебошанд.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути почтаи электронӣ ба роҳ монда, тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи салоҳияти ҷойдошта аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Ба санаи 31 декабри соли 2020 дар бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ 18 ададро ташкил намуданд, ки аз онҳо 

2 ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ ва 

1 Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила мебошанд.

Дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи ҳисоботӣ 412,4 млн. сомониро ташкил дода, уҳдадориҳои қабулгардидаи ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба шаклҳои суғурта 50,4 млрд. сомониро ташкил дод. Воридоти мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) ба андозаи 0,7 фоиз зиёд гардида, 235,8 млн. сомониро ташкил дод, ки дар таркиби он суғуртаи ихтиёрӣ раванди зиёдшавӣ дорад. Пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ бошанд, дар соли 2020 ба 19,0 млн. сомонӣ баробар гардиданд, ки нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 24,6 фоиз афзудааст.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2020 бо фоида ба маблағи 75,9 млн. сомонӣ ҷамъбаст шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 39,2 фоиз зиёд мебошад. 

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter