Аз 1 то 30 апрели соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии “Global Money Week-2021” моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.
Шарикони ин маъракаи таълимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказҳои таълимии “Илмхона”, “Сириус”, “Арт-Дошан-Студия” Фонди хазинавии ҳамкории байналмилалии Олмон, ширкатҳои “Сиёма”, “Алладин”, “Абдулло-медиа”, “Рахш-Такси” ва Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шарики рақамӣ ва медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс” шарики иттилоотӣ мебошанд.
Маъракаи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.
“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” - шиори расмии Global Money Week-2021 аст. Ин шиор ҳадафҳои асосии маъракаи Global Money Week-2021-ро инъикос намуда, кӯдакон ва ҷавононро на танҳо барои тақсимоти оқилонаи буҷаи худ водор мекунад, балки дар интиқол додани дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёни худ ба онҳо кумак мекунад. Илова бар ин, шиори “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд.
Дар доираи баргузории маъракаи Global Money Week-2021 давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур боздид аз осорхонаи БМТ ва иншоотҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Давоми як моҳ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва радиои «Азия-Плюс» барномаи «Даромади дастрас»-ро роҳандозӣ мекунанд, ки он дар як рӯз 4 маротиба, соатҳои 07:23, 10:23, 14:23 ва 17:23 пахш мешавад.
Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон мактаббачагону донишҷӯёни ҳавасмандро барои иштирок дар озмунҳои зерин даъват мекунад:
1. Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;
2. Озмуни видеои беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;
3. Озмуни беҳтарин флеш-моб (челленҷ) дар мавзӯи саводнокии молиявӣ.
Маълумоти бештарро аз суроғаи зерин метавонед дастрас намоед: http://nbt.tj/tj/Protection/konkursy.php
Ба рақами +992000002020 дар Viber, Telegram, Whatsapp нависед ё занг занед;
Маводҳо барои озмун бояд тариқи Viber, Telegram, Whatsapp бо рақами +992000002020 ё ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол карда шаванд.
Оид ба ҳамаи чорабиниҳое, ки дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, аз саҳифаҳои иҷтимоии мазкур маълумоти бештар метавонед дастрас намоед:
www.fb.com/fingramtj, www.t.me/fingramtj, www.ok.ru/fingramtj,
www.instagram.com/fingramtj
Мутобиқ намудани ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ
2 апрели соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии “Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” баргузор гардид. Муаррифии мазкур бо ташаббуси Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавии кишвар доир гардида, дар он ба иштироккунандагон тарзи пешниҳоди ҳисобот тибқи талаботи тартиби мазкур омӯзонида шуд.
Тартиб бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2020, №135 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020, №1042 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуҷҷати мазкур дар низоми суғурта аввалин бор таҳия шуда, минбаъд раванди ҳаракати сармояи худии ташкилотҳои суғуртавиро дар бозори суғурта тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим медарорад.
Санади мазкур бо мақсади таъмини сатҳи ҷоизи пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия гардида, минбаъд он ба ҷобаҷогузории дурусти дороиҳо, пешгирӣ намудани хароҷотҳои беасос ва шустушӯи пул тавассути ташкилотҳои суғуртавӣ, зиёд гардидани сармоягузориҳои низоми суғурта дар бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ ва дар ин замина зиёд намудани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.
Семинари омӯзишии мазкур дар фазои озоди баёни ақидаву пешниҳодҳо барпо гардида, масъалаҳои муҳими ҷойдошта байни намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ ва мутахассисони Идораи назорати суғуртавӣ муҳокима карда шуданд.
Ташрифи намояндагии ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” ба Бонки миллии Тоҷикистон
Дар мулоқоти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad”-и Малайзия таҳти роҳбарии муассис ва мудири иҷроияи ин ширкат ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло, ки 12 апрели соли 2021 баргузор гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди он мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Дар ибтидо Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ ва бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ шинос намуда, ҳавасмандии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти роҳандозии ҳамкории судманд бо сармоягузорон ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба низоми бонкии кишвар иброз намуд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.
Ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии бонки рақамӣ (digital banking) ва таъсиси платформаи содирот ва воридоти байни кишварҳои ACEAN ва Осиёи Марказӣ иброз намуд.
Ҳамзамон номбурда таъкид бар он дошт, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” дар баробари таҳкими рушди тиҷорат, инчунин омода аст, ҳамкории густурдаро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда, ба ин васила барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкии кишвар, инчунин рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Дар вохӯрии мазкур инчунин, намояндаи ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Моҳд Файзал бин Юсуф, мушовири ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Абдумаҷид Тиллоев, мутахассисони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Ахмедова, Лоиқ Саидзода ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” яке аз ширкатҳои рушдёфта ва бонуфузи Малайзия маҳсуб ёфта, дорои зиёда аз 30 ширкате мебошад, ки дар 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, ИМА ва ғайра дар самтҳои муҳандисӣ, технологияҳои компютерӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва ғайра фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Инчунин, таъсиси корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маблағи он беш аз 200 млн. дол. ИМА-ро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намуда, дар лоиҳаи “TAPI”-и Ҷумҳурии Туркманистон яке аз паймонкорони асосӣ ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи матбуоти БМТ