ХАБАРИ ДОҒ

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иди саиди Фитр ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”, кумаки хайриявӣ ирсол намуд, ки он аз 85 адад рахти хоб ва маводи хӯрокворӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон барои болидаруҳии бошандагон ва ҳайати кормандони ин муассиса бо истифода аз анвои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла ду намуд хӯроки гарм, ширинӣ, кулчақанд ва меваҳои тару тоза дастурхони идона ороста шуд.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бошандагони муассисаро бо иди саиди Фитр муборакбод гуфта, бо шароити буду боши онҳо аз наздик шинос шуданд ва таъкид бар он доштанд, ки яке аз рукнҳои моҳи шарифи рамазон, ин аёдати беморон ва дастгири шахсони ниёзманд маҳсуб меёбад. “Имрӯз, ки мо дар арафаи иди саиди Фитр қарор дорем, бояд анъанаҳои неки бузургонамонро дар бобати хайру эҳсон, дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандон идома дода, дар ободию пешрафти диёрамон саҳми муносиб гузорем. Бонки миллии Тоҷикистон суннатҳои неки ниёконро идома бахшида, дар арафаи ҳамаи ҷашну маросимҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти мадад дароз мекунад ва минбаъд низ, ин анъанаи некро идома хоҳад дод”, - гуфта шуд зимни супоридани маводи хайрия аз ҷониби Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дар навбати худ барои ғамхориҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, таҳти №АП-983 сарпарастии онро ба зимма дорад, дасти ёрӣ дароз намуда, дархости онҳоро барои шароити созгори зист таъмин менамояд.

 

Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад!

Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани қазияи марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон баъзе шаҳрвандони кишварамон аз ин ҳолат истифода намуда, бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои дар суратҳисобҳои махсус барои зарардидагони Ворух машғуланд.

Тибқи маълумоти фаврии мақомотҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват ба амал меоранд, худдорӣ намуда, бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони минтақаи Ворухи шаҳри Исфара, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби махсус кушода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд бемамоният маблағҳои хайриявии худро ба ин суратҳисоб ирсол намоянд.

Рақамҳои суратҳисобҳо чунинанд:

бо пули миллӣ-сомонӣ: 20204972664010100451

бо доллари ИМА: 22696840318014

бо рубли русӣ: 22696810118008

 

Баррасии масъалаҳои низоми суғурта дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

6 майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бо иштироки Роҳбарият, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ҳайати олимону устодон ва донишҷӯён семинари илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Мушкилоти суғурта дар давлатҳои аъзои ИДМ” баргузор гардид.

Семинарро муовини якуми ректори ДДТТ Саймаҳмуд Саидов ифтитоҳ намуда, ҳамоиши илмии мазкурро ҷузъе аз чорабиниҳое унвон кард, ки дар робита ба мактуби Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои банди 8 протоколи ҷаласаи 15-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда мешавад.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос кӯшишҳо ба харҷ дода, минбаъд низ омодагии худро баҳри тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат иброз медорад.

Муовини якуми ректори ДДТТ Саймаҳмуд Саидов ҳамчунин, барои дастгирии пайваста ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани семинари илмӣ-амалӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Баъдан, сардори Идораи назорати суғуртавии БМТ Дилбар Ҳусейнова ҳамчун намояндаи танзимгари бахши суғуртаи кишвар суханронӣ карда, ташкил ва баргузории семинарро омили муҳими рушд ва таҳкими низоми суғуртаи Тоҷикистон унвон намуд.

Инчунин, мавзӯи “Масъалаҳои суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушди он” аз ҷониби Дилбар Ҳусейнова бо истифода аз рӯнамоӣ барои иштирокдорони семинар ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Зикр гардид, ки суғурта яке аз унсурҳои таркибии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгар фаъолияти хешро барои таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таҳияи шароити мусоид ҷиҳати ҷалби бештари сармоя, аз ҷумла сармояи хориҷӣ ва фаъолияти озоди ташкилотҳои суғуртавӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи суғуртаи кишвар равона намудааст. Минбаъд низ Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории бозори суғурта, ба даст овардани эътимоди аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, рушди низоми суғуртаи кишвар чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар идомаи семинар, ҳамчунин аз ҷониби устодони донишгоҳ дар мавзӯҳои “Рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои он”, “Мушкилоти мубрами рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ташаккули низоми суғуртаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза ва рӯнамоиҳо манзур гардонида шуд.

Семинарро муовини якуми ректори ДДТТ Саймаҳмуд Саидов ҷамъбаст намуда, кори онро пурмаҳсул ва барои донишҷӯён, ки мутахассисони ояндаи бахши суғуртаи кишвар мебошанд, манфиатовар баҳогузорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи асосӣ дар сатҳи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта пазируфта шуда, дар самти омода намудани кормандони ояндаи бахши суғурта саҳми арзанда дорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter