8 июли соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёл ва мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Эмраҳ Соганҷӣ мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёлро бо таъйин шудан ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, барои иҷрои вазифаҳои дипломатӣ барору комёбӣ таманно намуд.
“Ҷумҳурии Туркия яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла иқтисодиёту тиҷорат бо маром рушд карда истодааст. Дар оянда низ мо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти равобити тиҷоратӣ, аз ҷумла дар самти рушди низоми бонкӣ омода ҳастем”,-таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл дар навбати худ, аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.
Зимни вохӯрӣ, инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима карда шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла бахши бонкдорӣ пешбинӣ шудааст, маълумот дода, пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.
“Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар, кушодани филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкориҳои пурмаҳсули ду кишвар бошад”,-қайд кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл низ имзои Протоколи ҳамкорӣ, кушодани филиали бонкҳои Туркия дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, зикр кард, ки иқдоми мазкур метавонад барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат намояд.
Дар рафти мулоқот инчунин, масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилотҳои қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори омодагии хешро баён намуданд.
Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 29 июни соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқоти мазкур инчунин мушовири байналмилалӣ оид ба баҳодиҳии самаранокии кӯмакҳои техникии SECO ҷаноби Субхренду Чатарджи, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Мақсад аз ташрифи ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси мустақили байналмилалӣ, ин баҳодиҳии иҷроиши лоиҳаи кӯмаки техникӣ, ки тариқи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва мушовирони аз ҷониби БАТР ҷалбшуда таҳти унвони “Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ” бо маблағгузории SECO мебошад.
Дар ибтидо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз дастгириҳои пайвастаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, бахусус низоми бонкӣ бо роҳандозӣ шудани як қатор кӯмакҳои техникӣ, аз ҷумла пешниҳоди мушовири хориҷӣ, ки аз соли 2016 инҷониб дар сатҳи сифатан нав қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди татбиқи лоиҳаи “Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ”, ки аз шаш самт (компонент) иборат буда, дар доираи он корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст, маълумоти муфассалро мавриди таваҷҷуҳи ҳайати SECO гардонид.
“Кӯмаки техникӣ ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи мазкур имкон доданд, ки ҳисоботҳо оид ба суботи молиявӣ таҳия гардида, омода кардани онҳо ба таври мунтазам роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳамзамон, фаъол шудани Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар ниҳодҳои иқтисодӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар он нақши калидӣ дорад, таҳия ва қабули заминаи ҳуқуқии фишангҳои макропруденсиалӣ, таҳлилҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ, таҳияи методологияҳо барои татбиқи ислоҳоти нав бо мусоидат ва ҳамкориҳои машваратчиёни байналмилалӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон комёб шуда истодааст”, - изҳор дошт Ҷамолиддин Камолович.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз татбиқи фаъолият оид ба ҳар як самти (компоненти) лоиҳа дар алоҳидагӣ, аз ҷумла устуворнамоии бахши молиявӣ, механизми танзими бонкӣ, фишангҳои идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, назорати низоми пардохт, принсипҳои назоратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративии низоми бонкӣ таҳлилу натиҷагирии мушаххасро манзури ҳозирин намуд.
Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб аз ҳамкориҳои мусоиди шарикӣ махсусан таъкид дошта, саъю талошҳои Бонки миллии Тоҷикистонро барои ноил шудан ва нигоҳ доштани устувории бахши молиявӣ новобаста аз таъсири фишорҳои берунии иқтисодӣ бо андешидани як қатор тадбирҳо тайи 5 соли охир назаррас ва муҳим арзёбӣ намуд. Ба андешаи хонум Саломе Штайб дар ин давра то ду маротиб коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз натиҷаи муҳим ва таъмини шаффофияти фаъолияти низоми бонкӣ дарак медиҳад. Хонум Саломе Штайб татбиқи лоиҳаҳо дар низоми бонкӣ, аз ҷумла лоиҳаи “Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ” тавассути дастрасии аҳолӣ ба маблағгузорӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, низоми мубодилаи маълумот дар бораи қарзҳо, баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, содда гардонидани расмиёти андозсупорӣ барои пешбурди тиҷоратро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкӣ муҳим дониста, хостори тақвият додани ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон афзалиятнокро дар доираи стратегияи ҷорӣ баён дошт.
Дар рафти мулоқот мушовири мустақили байналмилалӣ ҷаноби Субхренду Чатарджи, ки барои баҳогузории раванди иҷроиш ва натиҷаҳои лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ҷалб шудааст, дар доираи таҳлил ва баррасии тарафҳо суолҳои худро оид ба самтҳои (компонентҳои) алоҳидаи лоиҳа манзур намуда, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифт. Инчунин, ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Субхренду Чатарджи имкон фароҳам овард, ки оид ба татбиқи компонентҳои лоиҳа бо сохторҳои масъули Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоту машваратҳо доир намуда, маълумоти иловагии пурра ба даст орад ва арзёбии самаранокии кӯмаки техникии SECO-ро воқеъбинона баҳогузорӣ намояд.
Дар охир директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ба сатҳу сифати ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, омодагии хешро барои муносибатҳои судманд баҳри рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок иброз дошт.
Шуъбаи матбуоти БМТ