ХАБАРИ ДОҒ

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ

  • Чоршанбе, Авг 18 2021

22 июли соли 2021 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор шуд.

Нишасти матбуотӣ таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо ҳузури муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс, Ёқубзода Мирҳаёт ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба пешбурди сиёсати монетарӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дода, таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бармеоянд, инчунин дар ҳамоҳангӣ бо Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат роҳандозӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд.

Рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, ММД-и номиналии кишвар 40,0 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 3,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,6 фоиз ба амал омад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул, сиёсати мутавозуни пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳои худ ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуд.

Аз ҷумла, меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт бо назардошти афзоиши фишорҳо, интизориҳои таваррумӣ дар ин давра тадриҷан 1,25 банди фоизӣ зиёд карда шуда, дар сатҳи 12,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 153,0 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷалб гардид. Инчунин, дар ин давра 33 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ баргузор карда шуд.

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, бо пули миллӣ 3 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Сиёсати самараноки қурбӣ дар реҷаи шинокунандаи танзимшаванда имкон фароҳам овард, ки дар ин давра қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.

Қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210). Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 б.ф кам мебошад. Новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад.

Ба ҳолати 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 17 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 адад ташкилоти қарзии хурд ва 27 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 21,8 млрд. сомониро ташкил дода, уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мувофиқан ба 17,2 млрд. сомонӣ ва 4,6 млрд. сомонӣ баробар гардиданд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 бо фоида ба маблағи 267,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 116 млн. сомонӣ ё 76,6 фоиз зиёд мебошад.

Бақияи умумии пасандозҳо ба ҳолати 30 июни соли 2021 маблағи 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 56,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 43,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо 5,0 млрд. сомонӣ ё 51,5 фоиз ба пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 4,7 млрд. сомонӣ ё 48,5 фоиз ба пасандозҳои шахсони воқеӣ рост меоянд. 

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2021 маблағи беш аз 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 64,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин, теъдоди қарзҳои додашуда низ дар давраи ҳисоботӣ 2,7 маротиба зиёд гардида, ба 1,1 млн. адад баробар шуд. Тамоюли мазкур аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаи истеъмолот 32,1 фоиз, кишоварзӣ 17,8 фоиз, савдои хориҷӣ 16,4 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, саноат 9,4 фоиз, сохтмон 3,5 фоиз, нақлиёт 1,2 фоиз, хӯроки ҷамъиятӣ 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,9 фоиз рост меояд.

Моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби бонкҳо ба муштариён қарзҳои бо фоизи нисбатан паст (аз меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои бозорӣ ба андозаи 5,0 банди фоизӣ пасттар) ба маблағи 682,0 млн. сомонӣ (ба 301,0 ҳазор адад қарзгир) дода шудааст.

Ҳаҷми умумии қарзҳои барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок додашуда 67,8 фоиз ё ба маблағи беш аз 4,4 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млрд. сомонӣ ё 55,2 фоиз зиёд мебошад.

Ба санаи 30 июни соли 2021 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 1 229 адад ва 5 364 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 133 адад зиёд ва терминалҳои электронӣ 211 адад кам шудаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,75 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 42 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 35,5 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аз рӯи шумора 70,0 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба санаи 30 июни соли 2021 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 7923 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4733 адад (2,5 маротиба) зиёд мебошад.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шуда, дар нимсолаи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ 1 304 адад дархосту шикояти муштариён тибқи тартиби муқарраргардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 57,2 фоиз пурра ва 38,7 фоиз қисман қонеъ карда шуд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2021 шумораи умумии ташкилотҳои суғуртавӣ 19 ададро ташкил менамоянд, ки аз онҳо 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ мебошанд.

Дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи 30 июни соли 2021 513,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 28,1 фоиз зиёд гардидааст.

Уҳдадориҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ дар ин давра 207,8 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 232,6 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2020 ба андозаи 90,0 фоиз зиёд гардид. Воридоти мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) ба санаи 30 июни соли 2021 168,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 30,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким зимни шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 июли соли 2021 №1802 ба имзо расид, изҳор дошт, ки қонуни мазкур метавонад заминаи захираҳои молиявӣ, пасандозӣ ва сармоявии ташкилотҳои қарзиро зиёд гардонада, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон медиҳад, то маблағҳои мазкурро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равона намоянд.

Инчунин, қабули ин қонун барои боз ҳам қавитар гаштани низоми молиявӣ – бонкӣ, устуворсозии иқтисодиёти миллӣ, ҷалби бештари муштариён ба низоми бонкӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки маблағҳои берун аз муомилоти расмӣ қарордошта қонунӣ гардонида шаванд ва ба муомилоти расмӣ тавассути низоми бонкӣ баргарданд.

Дар бахши саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ ба истеҳсолот, ҳаҷми пул дар муомилот, бонкдории исломӣ ва ғайра посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Дар хотимаи нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкию суғурта ва пешбурди сиёсати пулию қарзӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter