ХАБАРИ ДОҒ

БДА Амонатбонк «Андозсупорандаи беҳтарин» дар соли 2021 интихоб гардид

  • Чоршанбе, Янв 19 2022

 

 

   Дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2021 интихоб шудааст.

  Ёдовар мешавем, ки  Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи дастовардҳои Бонкро баназар гирифта, бори дуввум аст, ки «Амонатбонк”-ро ба гурӯҳи андозсупорандагони беҳтарини сол шомил менамояд.

   Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» минбаъд ҳам дар ҷавоб ба чунин қадрдониҳо, дар доираи қонунгузории амалкунанда иҷрои саривақтию бемамонияти  уҳдадориҳои худро дар назди Буҷети давлатӣ таъмин хоҳад намуд.

 Маълумот оид ба қарзи овердрафтӣ ба шахсони воқеӣ 

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” айни ҳол дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбари Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, ҷиҳати пешниҳод намудани қарзҳои муфид ва дастрас барои аҳолии мамлакат кушиш ба харҷ дода истодааст.

Дар ин ҷода,  ҷиҳати пешниҳод намудани қарзҳои  дастрасу муфид ба аҳолии кишвар махсусан ба кормандони соҳаи иҷтимоӣ  дар сохтори Раёсати бонк шуъбаи   қарзҳои овердрафтӣ  ташкил карда шудааст, ки фаъолияти он аз соли 2018 шурӯъ гардида, айни ҳол зиёда ба панҷ хазор муштариён хизматрасонӣ намуда истодааст.

Бештари истифодабарандагони ин маҳсулот кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ мебошанд. Бартариятҳои хизматрасонии овердрафтӣ дар он мебошад, ки муштариёни Бонк метавонанд ҳангоми норасоии муваққатии маблағ дар суратҳисоби шахсӣ (яъне корти музди меҳнат ва ё нафақа), аз ҳисоби маблағҳои Бонк то 80%- и музди меҳнат ва нафақаи моҳона ба муҳлати то 36 моҳ ва бо 22 %- и солона бе пешниҳоди гарав ва кафил истифода намоянд.

Овердрафт қарзи мақсаднок набуда, маблағҳои қарзиро барои мақсадҳои гуногун метавон истифода намуд. Фоизи қарзи овердрафтӣ, танҳо аз рӯи маблағи истифода намудаи қарз ва барои рӯзҳои истифодашудаи қарз ситонида мешавад. Дар ҳолати тамоман истифода набурдани маблағи қарзи овердрафтӣ фоиз умуман ҳисоб  карда намешавад.                                                     

Муштарии Бонк метавонад, ки қарзи овердрафтиро дар доираи хати қарзии кушодашуда ба муҳлати то 60 рӯз тибқи талаботи шартнома истифода намояд. Дар сурати маблағи музди меҳнат ва ё нафақа дар давоми 60 рӯз ба суратҳисоби муштарӣ ворид нагардидан, қарзи он таъхирёфта ҳисобида мешавад

Қарзи овердрафтӣ ба шахсони воқеӣ бо шартҳои зерин пешниҳод мегардад:           

- муштарӣ бояд дорандаи корти пардохтии БДА ҶТ «Амонатбонк» буда, музди меҳнат ва ё нафақаи худро тавассути бонки мазкур дастрас намояд;                          

- муштарӣ таърихи хуби қарзӣ дошта бошад ва аз дигар муассисаҳои молиявӣ қарздор набошад ё қобилияти худро барои идора кардани ҳамаи қарзҳои худ исбот карда тавонад;                                                     

Аз шахсони воқеӣ барои пайваст намудани хизматрасонии овердрафтӣ ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:     

- дархост (ариза) барои пайваст намудани хизматрасонӣ;                                   

- шиноснома бо қайди РМА                                                                                

-розигии корхона, муассиса, ташкилот ва ё мақомоте, ки корманд дар он ҷо фаъолият мекунад (тариқи бастани созишномаи иловагӣ бо Бонк), афзалият дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter