Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва банкоматҳо барои таъмини пули нақд, ки тайи чанд рӯзи охир дар ҷомеа сару садоҳои гуногунро ба амал овардааст, чунин иттилоъ медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзиму назорати низоми бонкӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ дархости тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурдро барои таъмини пули нақд ҳамеша қонеъ намуда, захираҳои кофии пули нақдро дорост. Дар се моҳи аввали (январ-марти) соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи дархости онҳо пули нақд дастрас карда шуд, аз ҷумла дар ду ҳафтаи охир - дар давраи аз 1 то 14 апрели соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ пули нақд тибқи дархосташон барзиёд таъмин карда шуд.
Ҳамзамон ҳамин нуктаро бояд таъкид дошт, ки тайи чанд рӯзи охир бо лапишҳои қурби асъори хориҷӣ воридшавии маблағҳо аз мамлакатҳои шарикони савдо барзиёд шуд. Дар навбати худ шаҳрвандони кишвар, ки қисми зиёди онҳо истифодабарандагони кортҳои бонкӣ мебошанд, хостанд ҳарчӣ зудтар маблағҳои худро тавассути банкоматҳо дастрас намоянд. Ҳолати мазкур боиси зиёд шудани талабот ба пули нақд ва зуд тамом шудани пули нақди банкоматҳо гардид, ки дар рӯзҳои истироҳат пур намудани банкоматҳо бо пули нақд ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ як вақти муайянро талаб мекунад.
Ба замми ин, пардохт шудани маош дар аввалу охири моҳ, дар аксар ҳолатҳо истисно кардани шаҳрвандон аз пардохтҳои ғайринақдӣ сарбории бонкҳоро дар таъмини пули нақд боз ҳам афзуд. Айни замон таносуби истифодаи пули нақд ва пардохти ғайринақдӣ мувофиқан 90 ба 10 фоиз баробар аст, ки ин аз истифодаи баланди пули нақд дар иқтисодиётро инъикос мекунад.
Ҳамин тариқ ҳамаи ин омилҳо боис гардиданд, ки бархе аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои таъмини пули нақд дар ин давра бо мушкили муваққатӣ дучор гардиданд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкории пайваста бо ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ҷиҳати фаъолияти мунтазами банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ ва таъмин будани ҳамаи нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ бо пули нақд тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҳайати БАТР
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти директори идорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии ва директори минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова мулоқот доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи феълии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои пурсамар ва дастгирии доимии БАТР дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши низоми бонкӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кӯмакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд давоми чанд соли охир аз ҷониби БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 800 млн. евро сармоягузорӣ карда шуд.
Дар идома Ҳоким Холиқзода саҳми БАТР-ро дар таҳким бахшидани низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассусияти кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон бо истифода аз имкониятҳои бартаридоштаи ин институти молиявии бонуфуз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои Аврупо ва давлатҳои минтақаи шарқ даъват ба амал овард.
Директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай дар навбати худ аз ҳамкории пурсамари ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба вазъи молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон дар давраи буҳронӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки аз рӯи натиҷаи омӯзиши вазъи феълии минтақа аз ҷониби коршиносони БАТР бо назардошти таҳримҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ баррасӣ карда мешаванд. “То ҳадди имкон мо кӯшишҳои худро дар ин самт дучанд мегардонем ва ин масъала дар дафтари асосӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт”, зикр намуд хонум Жужанна Харгитай. Мавсуф ҳамзамон ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвият додани идоракунии корпоративӣ, рушди низоми суғурта, такмил додани қонунгузории соҳаи бонкиро барои дурнамои ҳамкорӣ самтҳои афзалиятнок хонд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён доштанд.