ХАБАРИ ДОҒ

Натиҷаи фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар семоҳаи якуми соли 2022

  • Чоршанбе, Май 18 2022

Санаи 16-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Сайфзода Ш. Ҷ., Ризвонзода Ф.З., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии БДА ҶТ “Амонатбонк” ва мудирони филиалҳои Бонк аз натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар семоҳаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин мудири бахши молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Бобоҷон, муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Бонк Наимӣ А.Қ., муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Амонатбонк Сафарзода Р.С., ва сардори идораи бозрасии бонкҳои Бонки миллии Тоҷикистон Тухтаров Д.М. ҳузур доштанд.
Дар оғози ҷаласа нахуст муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ . оид ба натиҷаи фаъолияти Амонатбонк дар семоҳаи якуми соли 2022 баромад намуданд.
Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ Бонк тамоми сайъу кӯшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2022 равона намуда, дар ҳаҷми 18,4 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 32% зиёд мебошад.
Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 17 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намуд.
Ҳаҷми сармояи Бонк дар семоҳаи якуми соли 2022 ба 594,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 25,9% зиёд мебошад.
Дороиҳои Бонк маблағи 5,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи асосии онро дороиҳои даромаднок (40,4%) ва дороиҳои пардохтпазир (40%) ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, сандуқи қарзии Бонк 53,5%-и дороиҳои даромадноки Бонкро ташкил намуда истодааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Бонк ба ҳолати 31 марти соли 2022 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 43,8% зиёд гардидааст.
Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 22,3%, кишоварзӣ 27,3%, истеъмолӣ 28,3%, сохтмон 3%, тиҷорат 17,9% нақлиёт 0,4% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 0,8% рост меояд.
Сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб меравад. Иҷроиши ин нишондиҳанда дар Амонатбонк дар сатҳи баланд таъмин аст ва натиҷа ин аст, ки шумораи пасандозгузорон дар Бонк наздики 1,6 млн. нафар расидааст.
Дар давоми ҷаласа мудирони филиалҳои Амонатбонк оиди фаъолияти хеш дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳисобот дода, оид ба мавзӯъҳои соҳавӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.
Дар хотимаи ҷаласа се филиали Амонатбонк барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ, афзун намудани нишондиҳандаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали ҷорӣ ҳамчун “Филиали беҳтарин” дониста шуда бо ҷоиза сарфароз гардиданд.
Чунончӣ филиали №66 ноҳияи Файзобод сазовори ҷои якум , филиали №40 ноҳияи Шаҳристон ҷои дуюм ва филиали №8 шаҳри Норак сазовори ҷои сеюм гардиданд.

 

Ифтитоҳи бинои филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара

Санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир карда шудааст. Дар таҳхона бошад, ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуд аст. Дар маҷмуъ дар бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Масоҳати умумии бино 6 748 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Намои берунии бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоот бо сангҳои ороишӣ зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст. Дар назди бино иншооти ёрирасон, аз қабили обанбор, таваққуфгоҳи нақлиёт ва ҷой барои истироҳату фароғат мавҷуд мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро барои мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мизоҷон вазифадор карданд.

 

Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Восеъ (Global Money Week -2022)

Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Амонатбонк идома дорад. Ин навбат чорабинӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молия санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар филиали №58-и ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо иштироки муҳассилини мактаби миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзӯҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, бахусус пасандозҳои муҳлатноки амалкунандаи Амонатбонк, тарзи дурусти истифода намудани барномаи мобилии “Амонат мобайл” ва анҷом додани пардохти ғайринақдӣ тавассути барномаи мазкур, пешниҳоди қарзҳо ва хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иштирокдорон оид ба тарзи дурусти истифодаи маблағ, роҳҳои ба даст овардани фоида, манфиат аз кушодани пасандоз дар бонкҳо, усулҳои пешрафти соҳибкорӣ ва дигар мавзӯъҳои зарурӣ, суолҳои худро ба мутахассисони соҳа пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон ба кулли иштирокчиёни чорабинӣ туҳфаҳои хотирмон бо рамзи Амонатбонк тақдим карда шуд.

Ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии Global Money Week бо иқдоми Child and Youth Finance International дар тамоми дунё ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулони молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

 Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter