Гарон шудани нархи роҳкиро ва қимати маҳсулоти ниёзи аввалия ва меваю сабзавот дар бозорҳои кишвар дар солҳои 2021-2022 боиси нигаронии мардум гашта, ҳафтае нест, ки дар ин бора хонандагон ба редаксия занг зада, аз ин гаронӣ арзу шикоят накунанд. Агар ин 1 тарафи мушкил бошад, нархи пайваста пасту баланд шудани маводи сӯхт тарафи дигари масъала аст. Тавре ба назар мерасад, ки ниҳоде ё сохторе аз танзими нарху навои бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ баромада наметавонад.
Норбибӣ Ҳамдамова, сокини ш.Душанбе, ки дар ошхонае сарошпаз аст, мегӯяд, ки нархи гарони маҳсулоти хӯрока дар бозор онҳоро низ маҷбур кардааст, ки арзиши хӯрокҳоро каме боло бардоранд.
- Бо сабаби оне, ки имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хӯрока аз он ҷумла, гӯшт, орд, равғанро аз бозорҳои шаҳрӣ бо нархи қимат дастрас менамоем, маҷбурем, инро ба болои пули меҳнати кории худ гузошта, хароҷотро пӯшонем, таъкид медорад ӯ.
Умеди Саид, сокини ш.Кӯлоб бошад, аз гароншавии нархи роҳкирои мусофирон изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки новобаста аз коҳиш ёфтани нархи сӯзишворӣ, ронандаҳо нархи роҳкироро арзон намекунанд Чаро?
- Соли 2021 вақте, ки ман ба аёдати хешу табор ба пойтахт омада, савори таксӣ мешудам, ҳаққи роҳкиро аз 5 сомонӣ сар мешуд, савори «Спринтер»-у «Газел»-ҳо шавам агар, ҳамагӣ 1 сомонӣ пардохт мекардам. Ҳоло бошад чӣ? Бо сабаби оне, ки чанд моҳ шуд дар Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ, алалхусус доллари амрикоӣ боло рафтаст, нархномаҳо дар тамоми соҳаҳо низ 2 баробар боло рафтаанд, - иброз дошт Умеди Саид.
Воқеан ҳам чаро нархи бозор ва соҳаи хизматрасонӣ дар кишвари мо танзим намешавад? Чаро масъулин дар ҳама ҳолат қурби болорафтаи доллари ИМА-ро айбдор сохта, барои дар 1 меъёри муайян нигоҳ доштани он коре намекунанд? Ва муҳимтар аз ҳама: нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, меваю сабзавот дар бозорҳои мамлакат кай ба танзим медаромада бошад?
Мо пайгири мавзӯем.
О.Достиева, СССР