Салом! Дар н.Мастчоҳ то расидани ҳосил тамоми корҳои саҳроиро худи деҳқон анҷом медиҳад. Масалан шудгори замин, кишт, обмонӣ, додани озуқа ва доруҳои химиявӣ, ҳамаи ин корҳоро деҳқон худаш мекунад. Барои мисол шудгори 1 га замин 560-600 сомонӣ, чигит-9,20 сомонӣ, доруи селитра-560-600 сомонӣ, химикатҳо аз 100 то 200 сомонӣ арзищ доранд.
То вақти расидани пахта ягон масъул намепурсад, ки деҳқон чӣ ҳол дораду аз куҷо пул ёфта, киштукор мекунад. Вале вақте пахта мепазад, ҳама ба сари деҳқон раис. Нархи 1 кило пахта дар бозори ҷаҳонӣ 8,50-9 сомонӣ аст, вале нархи пахтаи мо чӣ?
Ҳомид Расулов,
н.Мастчоҳ,
Тел: 927293290