ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ гардиданд

  • Душанбе, Нояб 21 2022

 

8 ноябри соли 2022 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхроухи мулоқот анҷом дод.

Дар ибтидо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ҳайати Корпоратсияи Байналмилалии Молиявиро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории дуҷониба дар самти рушди низоми бонкии кишвар изҳори сипос намуд.

Дар доираи вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон диққати намояндагони КБМ-ро ба масъалаҳои рушди самтҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили рушди бозорҳои молиявӣ, инфрасохтор, истеҳсолот, саноат, соҳибкории кишоварзӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки барои рушди ин соҳаҳо зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии имтиёзноки дарозмуддат, бахусус ба бахшҳои соҳибкории хурд ва миёна, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва махсусан занони соҳибкор муҳим аст.

Ҳоким Холиқзода нақши муҳими шарикони рушд, бахусус Корпоратсияи Байналмилалии Молиявиро дар таъмини рушди устувори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, қайд кард, ки айни замон иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вазъи мураккаби геосиёсӣ ба ҳамкориҳои самаровар бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҳавасманд мебошад.  

Бо назардошти он, ки солҳои охир фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст, барои мо масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои бевоситаи муросилотӣ муҳим аст. Дар ин самт ҳамкории мутақобилан судманди шарикони рушдро барои мусоидат дар ташкили муколама байни ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ва бонкҳои Аврупо ва Амрико зарур шуморида, пешниҳоди тавсияҳоро дар ин самт истиқбол хоҳем кард, – таъкид намуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхроухи дар навбати худ изҳори хушнудӣ кард, ки низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол рушд намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, - гуфт номбурда, - нақша дорад дар татбиқи лоиҳаҳои зиёд дар Тоҷикистон саҳм гузорад ва доираи ҳамкориҳои худро дар ин кишвари зебоманзар, ки дорои фарҳанги куҳанбунёд мебошад, амиқтар намояд. Ба андешаи Ҳела Шейхрухоу, тавре таҷрибаи чандсолаи ҳамкории дуҷониба нишон дод, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди мамлакат нақши назаррас гузоштааст.

Зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи бештари ҳамкориҳои техникӣ дар самтҳои рушди бахши суғурта, ҷалби мушовирони дарозмуддат дар бахши суботи молиявӣ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзӣ, аз ҷумла муайян, идоракунӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел, такмили методология ва истифодаи технологияҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар соҳаи низоми пардохт, таҳияи консепсияи ҷорӣ намудани рақами ягонаи мушаххаси бонкӣ, таъсиси Маркази байнибонкии мушаххаскунии назди БМТ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои низоми пардохтӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои пардохти фосилавӣ, дастгирии консепсияи пардохти ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи заминаи меъёрӣ оид ба ҷорӣ намудани коммутатори ягона барои иштирокчиёни бозори пардохт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷараёни суҳбат тарафҳо оид ба рушди пардохти ғайринақдӣ сухан ронда, иброз намуданд, ки сол то сол Тоҷикистон дар ин соҳа ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, дар рушди иқтисодиёти кишвар натиҷаи мусбии худро гузошта истодааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бори дигар ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд иброз намуда, қайд кард, ки ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи он тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, дурнамои рушди бахши молиявии кишвар, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди назарро баррасӣ намуданд.

 

 

 Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон густариш медиҳад

 

 

          Рӯзҳои 3-4 ноябри соли 2022 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким дар дуюмин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон таҳти унвони “Одамон дар қалби ислоҳоти иқтисодӣ”, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар кори ҳамоиши муҳими иқтисодӣ намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи мақомоти бахши иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, масъалаҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди бахши хусусиро баррасӣ карданд.

Қобили қайд аст, ки роҳбарони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони  Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ,  Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Осиёии Рушд ва дигар созмонҳои бонуфузи молиявӣ дар маросими ифтитоҳи расмии чорабинӣ иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба масоили суботи макроиқтисодӣ ва рушди устувор, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, нақши рейтингҳо ва индексҳои байналмилалӣ, суръатбахшии фарогирии молиявӣ ва ғайра баён карданд.

Масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ ва дурнамои макроиқтисодӣ дар минтақа бо назардошти таъсири хавфҳои геосиёсӣ, чораҳои бахши молиявӣ барои коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ вобаста ба баландшавии нархи маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти сӯзишворӣ, ҳифзи манфиатҳои кишварҳои аъзо дар доираи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар мизи мудаввари Форуми иқтисодӣ, ки зери унвони “Шарҳи дурнамои иқтисоди минтақа”таҳти роҳбарии Ҷиҳад Азур – директори Департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.

Мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурмуратов Мамаризо дар ҳошияи ҳамоиши дуюмин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои нав ва судманди низомҳои бонкии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима намуданд.

Мусоҳибон дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар муҳити самимӣ ва дӯстона сурат гирифт, ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни бонкҳои марказӣ ва низомҳои бонкии ду кишвар дар самти назорати бонкӣ ва низомҳои пардохтӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, кушодану роҳандозии суратҳисобҳои бонкӣ, амалигардонии пардохтҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

         Ҳамзамон, дар қисмати ҷамъбастии мулоқот бо мақсади рушду тавсеаи  ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши интиқоли фаромарзии маблағҳо, ташкили рақобати озоду солим, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифат ва бехатарии хизматрасониҳои пардохтӣ ва мубодилаи иттилоот, Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи назорати иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ ба имзо расонида шуд.

Дар робита ба аҳамияти масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасишуда Холиқзода Ҳоким ва Нурмуратов Мамаризо иброз доштанд, ки баргузории дуюмин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию молиявӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти

 

 

БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter