ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: корхонаи нави саноатӣ

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Бохтар ният дорад дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 270 иншооти навро бунёд, азнавсозӣ ва таъмир намояд.

- Дар маҷмуъ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бунёд гардидани 71 бинои истиқоматии баландошёна, 51-адад марказҳои савдо, 18-корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 9-адад биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, 5-адад боғу гулгаштҳо, толорҳои варзишӣ, сохтмони бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ, бинои иловагӣ ва хобгоҳи колеҷҳои тиббӣ, сохтмони 47-адад истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмир ва азнавсозии роҳҳои дохилӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ ба назар гирифта шудаанд, гуфт зимни суҳбат бо мухбири мо раиси ш.Бохтар Сиҷоуддин Саломзода.

Бахшида ба Солҳои рушди саноат, 2022-2026 бошад, дар ш.Бохтар бунёди 18 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай дар 10 моҳи соли ҷорӣ 6 корхонаи нав мавриди истифода қарор гирифтааст. Инҳо ҶДММ «Халили Иброҳим» (коркарди писта), ҶДММ «Баркати истиқлоли диёр» (истеҳсоли мебел), ҶДММ «Деҳаи ман» (банду басти маҳсулоти кишоварзӣ), ҶДММ «Ёсинҷони Бохтар», ҶДММ «Аскарҷони Бохтар» ва ҶДММ «Умедҷони Неъмат» (истеҳсоли хишти сементӣ) мебошанд. Таъсиси ин корхонаҳо барои фароҳам овардани 40 ҷойи нави корӣ мусоидат намуд.

Б.Уроқов, СССР,

вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter