Санаҳои 21-25 ноябри соли 2022-юм, ҳайати баландпояи кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукумати ва иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ аз ҷумла, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С., низ иштирок намуданд.
Дар доираи сафар ба шаҳри Берлин вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим (BMWK), Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзӣ (BMEL), Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва Вазорати федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон (BMAS), баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода дар Иттиҳодияҳои бонкҳои Олмон мизи муддавар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои байнибонкӣ танзим карда шуд. Баъд аз анҷоми нишасти мазкур мулоқоти роҳбарони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бонкҳои бонуфузи Олмон баргузор гардид.
Аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким ва раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо намояндаи минтақавии Sparkassebank Hamburg ва Фонди Sparkasse мулоқот сурат гирифт.
Дар рафти мулоқоти дуҷониба бо Фонди Sparkasse масоили густариш додани ҳамкориҳои мухталиф аз қабили, ташкили тренинг ва семинарҳо дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ва дигар бонкҳои ҷумҳурӣ, иштироки Фонд дар маблағгузории амалигардонии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва дигар самтҳои манфиатовар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола санаи 7-уми декабр таҷлил мегардад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. барои фаъолияти назаррасу ибратбахш ва саҳми арзанда дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон, алалхусус соҳаи молия ва иқтисодиёти мамлакат бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.
Ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки ҳайяти Роҳбарият, кормандони Бонк ва мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Бурҳониддин ва Бекназарова Мавзуна ҷаласа баргузор гардид.
Нахуст Раиси Раёсат мӯҳтарам Икромӣ С.С. атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки санаи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, имсол аз қабули қонуни мазкур 15 сол пур гардид.
Иброз гардид, ки мақсади асосии Қонуни мазкур ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром гузоштану пос доштани суннатҳои халқи тоҷик, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Сипас мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Бурҳониддин ва Бекназарова Мавзуна бо маъруза баромад намуда, қайд карданд, ки таҷрибаи 15 солаи амали Қонун нишон дод, ки он дар самти ба низому тартиб даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузошт.
Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Вазъи кунунии сиёсӣ ва буҳронҳои шадиди иқтисодии даҳсолаи охир, тағйирёбии иқлим, ба мушкилоти ғизо рӯбарӯ омадани кишварҳои бештари дунё бори дигар ҳушдор менамояд, ки дар баробари давлату ҳукумат худи аҳолӣ, ҳар як оила ҳам барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани раванди рӯзгор тадбирҳо андешанд.
Дар идома оид ба қабули “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” сухан рафта, иброз шуд ки бо мақсади муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” тасдиқ шудааст.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар яки моро мебояд талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қатъиян риоя намуда, ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем, зеро ҳадафи Қонуни мазкур дар баробари ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Шаръу тавзеҳи мақола таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест»
Санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Роҳбарият ва аҳли кормандони Бонк оид ба шаръу тавзеҳи нуқтаҳои муҳимтарини мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест» ҷаласа баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. ба ҳозирин дар бораи муҳтавои мақола оид ба «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест», ки оид ба моҳияти низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, сабаби ба миён омадани чунин ҳолат дар қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала навишта шудааст, маълумоти муфассал доданд.
Чуноне, ки аз нигоштаҳои Абдуллои Роҳнамо бармеоянд, низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки наздики сад сол боз идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст.
Аз мақолаи мазкур, ки дар асоси пажӯҳиши асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ нигошта шудааст, маълум мегардад, ки Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад. Зеро заминҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад ва танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад.
Гуфта шуд, ки мақсади асосии мақола дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои марзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамчун ватандӯсту ватанпарасти ҳақиқӣ ҳамеша барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии Ватани азизамон – Тоҷикистон омода бошем. Ҳар як пораи кишвари маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Зеро ин нангу номус ва шарафи бузурги ватандории ҳар яки мост.
Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»