Салом ба СССР-и мардумӣ! Тавассути шумо – газетаи СССР мехоҳам аз вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бипурсам, ки оё барои баргузории ҷашнҳои пурдабдабаи наврӯзӣ ва дигар идҳо аз ҷониби Вазорати молия маблағ ҷудо карда мешавад ё не?
Дар тамомии 68 шаҳру ноҳияи мамлакат 2 ҳафта аст, ки таҷлили ҷашни Наврӯз хеле ботантана ва бо хараҷу мараҷи аз ҳад зиёд баргузор ва ҷашн гирифта шуд. Маълум аст, ки маблағи хеле зиёд барои оростани хону омодасозии барномаи фарҳангӣ сарф шудааст, вале ҳамаи ин аз кадом ҳисоб? Оё Вазорати молия барои ин гуна тантанаҳо ба шаҳру ноҳияҳо пул ҷудо мекунад? Агар ҳа, пас то чӣ қадар маблағ? Агар не, пас ин ҳама хароҷот дар шаҳру ноҳияҳо аз кадом ҳисоб аст?
Ва аз ҳама муҳим: чанде пеш сармуҳосиби ин вазоратхона бо сирқати бузурги молӣ боздошт ва ҳабс шуда буд. Магар вазир аз кору бори сармуҳосибаш иттилоъе надошт ва ё ин ҷо паси коса нимакосаест? Файзиддин Қаҳҳорзода расман, тибқи Фармони №622 ба ин суолоти ман посух мегӯяд!?
Нурулло Ҳасанов,
журналист, н.Муъминобод
Аз идора: Воқеан ҳам ин суолест, ки посух мехоҳад. Ва боз ҳам мавзуи пул дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёди мо дуздии аср – гум шудани беш аз 4 млн сомонӣ аз муҳосиботи вазорати мазкурро меорад.
Моҳи майи соли 2021 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар сармуҳосиби Вазорати молия Наргиз Рузиева бо ҷурми дуздии беш аз 4 млн сомонӣ аз муҳосиботи вазорат боздошт гардида буд. Наргиз Рузиева бо ҳамкори дигараш Тахмина Юсупова тайи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакорӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ беш аз 4 млн сомониро аз худ карда буданд. Он замон нисбати ин 2 нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот давом дошт. Вале бо гузашти 2 сол то ба ҳол баъзе аз паҳлӯҳои ин «дуздии аср» норӯшан монд, ба мисли хомӯшии вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, ки боре нисбат ба ин қазия ибрози назар накард. Шояд ӯ ҳамакнун «қуфли хомӯшӣ мешиканад» ва ба мавзуъ равшанӣ меандозад?