ХАБАРИ ДОҒ

Турсунзода: таъмири роҳи 2 деҳа

  • Чоршанбе, Май 31 2023

Бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ш.Турсунзода корҳои мумфаршкунии 8 км роҳи байни деҳаҳои Шарқиён ва Файзбахш оғоз гардид.

Тавре ба мухбири мо дар МИҲД ш.Турсунзода итиллоъ доданд, иқдоми мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода ба роҳ монда шуда, барои босифат анҷом додани мумфаршкунии роҳ техникаҳои Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ш.Турсунзода ва корхонаҳои коркарди қуму шағал ҷалб карда шуд.

Дар баробари ин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода ба таъмири ҷории боз 6,5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва маркази шаҳр сар кардааст. Сокинони деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ низ бо ҷонибдорӣ аз ин иқдоми нек ба корҳои роҳсозӣ кумак менамоянд.

А.Собир,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter