ХАБАРИ ДОҒ

РОҲ ҲАСТУ ЗИНДАГИЮ КОР ҲАСТ

  • Панҷшанбе, Июн 15 2023

  Чандин сол аст, ки дар асоси Шартномаи консессионӣ миёни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе -Чанок мавриди амал қарор дорад.

  Дар оғози фаъолият монеаҳои сунъии зиёде буданд, ки аз ҷониби ашхоси аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ  «эҷод» гардида,  ҳадаф якто - латма ворид намудан ба обрӯи филиали Ширкат буд. Бо меҳвар қарор додани масъулиятшиносӣ ва тавони шунидани арзи мардумро доштан масъулини филиали Ширкат комёб гардида, рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷо оварда истодаанд. Он рӯзҳо гузашт ва хушбахтона, мардум, хоса сокинони навоҳии ҳамшафати роҳ, пурра моҳияти мавҷудият ва фаъолияти «IRS»-ро дарк намуданд.

  Ҳадаф аз ёдовар шуданамон аз он айём ба он хотир аст, ки маҳз бо масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсул метавон тамоми шубҳаҳоро ботил карда, собитқадам будан дар иҷрои рисолати ба зимма вогузорбударо исбот намуд.  Фаъолияти филиали Ширкати «IRS», ки аз нотавонбинии як идда то ҳамдигарфаҳмии комил масир дошт, шаҳодати ин гуфта аст.

   Аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки мушкилоти роҳи мавриди назарро «дар пӯсти худ» эҳсос намудаву аз монеаҳои мавҷуда комилан огоҳам. Далел меорам: Солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Ягон идораи нигоҳдории роҳ қудрати дар давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, як қисм ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Имрӯз бо шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст. Пас, магар аз рӯи инсоф аст, ки ин омилҳоро нодида гирем? Ба қавли М. Рустамзода:

Роҳ ҳасту зиндагию кор ҳаст,

Одамиро нақшаи бисёр ҳаст.

Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Барои мисол, бо сабабҳои фавқ мошинҳо сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш буданашон, зуд зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардид. Дар ёд дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок «дӯстон»-и мо пешгӯӣ карданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин «фолбинӣ»-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро таври қобили мулоҳиза поён рафт. 

 Механизми зикршуда дар минтақа иқдоми ҷадид буда, моҳияти пилотӣ дошт. Аз ин рӯ, барои дуруст дарк намудани бартариҳои он аз ҷониби шаҳрвандон вақти муайян лозим буд. Ибтикороти амалишуда то ҳадде самар овард, ки дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Хушбахтона, ба шарофати корҳои амалишуда аҳли ҷомеа ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтанд ва дурустии созишномаи консессионии зикршударо дарк карданд. Арзи сипоси  ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ солҳои охир самараи меҳнати пурмаҳсул ва масъулиятшиносӣ буда, аҳли «IRS»-ро беш аз пеш рӯҳбаланд месозанд.

Журналисти маъруф Хуршед Атовулло бардошти худро зимни сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок таври зайл рӯи саҳифа овардааст:  «Селҳои ахире, ки ба роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд  фаромад, барои Ширкати «IRS» як санҷиши ҷиддӣ пешорӯи мусофирону ронандагон буд. Чун ман ҳам аз ҷумлаи мусофирон будам, дидам, ки кормандони Ширкат аз уҳдаи масъулияти доштаашон баромаданд. Техникаи бешумор роҳро дар фурсати кӯтоҳтарин тоза намуда, ҷони мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои селшуста халос карданд. Мушкили ягона ба одитарин қоидаи роҳ, ба манъкуниҳои нозирон аҳамият надодани ронандагони машинаҳои калони боркаш буд, ки бо кӯшиши пештар рафтан, раҳро мебастанду мушкил ба вуҷуд меоварданд. Ва гоҳо бисёр мехостӣ, то ҷойи ин нозирони бечора калтакбадасте бошад то ронандаи осмониро ба замин фарорад. Баробари расидан ба минтақаи роҳи Айнӣ-Панҷакент сангрезаҳою сангрезаҳои зиёде рӯйи раҳ буданд ва ягон техникаи роҳтозакунӣ ба чашм намерасид. Вақте дар ин маврид ба нозири роҳ эътироз кардем, бадоҳатан ҷавоб дод:

- Ин қисмати роҳ ба зиммаи «IRS» нест!

Ронандаи мо Бахтиёр табассумкунон гуфт:

- Пас зинда бод «IRS!»

Ба ин суханони ронанда чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

 

Далер Абдулло,

журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter