оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” №586, аз 22/06/2023
Санаи 23-юми июни соли ҷорӣ Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. ҷиҳати шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вохурӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юм декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586, аз 22 июни соли ҷорӣ “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” қайд намуданд, ки иқдоми мазкур пеш аз ҳама барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, мусоидат ба рушди бахши молиявӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Амонатбонк сар карда аз моҳи январи соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таҳияи нақшаи амал ва марҳилаҳои татбиқнамоии корҳои зарурӣ оғоз намуд.
Ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дода шуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани инфрасохтори зарурӣ барои пардохти ғайринақдии андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва биноҳои нозироти андоз дар маҷмуъ 853 адад постерминал, аз ҷумла 820 адад дар филиалҳои Бонк ва 33 адад дар нозироти андоз насб карда шуд.
Амонатбонк татбиқи лоиҳаи пардохтҳои ғайринақдии давлатиро аз даҳаи сеюми моҳи март сар карда, то имруз тавассути постерминалҳои болозикр зиёда аз 275 млн. сомонӣ маблағҳои андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва коммуналиро қабул намуда, ба буҷаи ҷумҳурӣ интиқол додааст.
Дар баробари ин, барои назорат намудани равандҳои марбут ба ҷараёни ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироӣ бо вазорату идораҳо, барномаи нави “Фронт-офис” тарҳрезӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бартарияти барномаи болозикр дар он аст, ки ҳар як вазорату идора ва ташкилотҳои давлатӣ аз утоқи шахсӣ истифода бурда, метавонанд тамоми пардохтҳои ба манфиати онҳо қабулшударо назорат намояд.
Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз санаи 27 апрел то 6 майи соли 2023 сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, ба шаҳру навоҳии кишвар сафарбар гардида, дар ҳамкории бевосита бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки доираи васеи сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоатҳои шаҳру деҳот, раисони маҳалаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои Амонатбонк барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллии низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” омода буда, шахсони воқеӣ ва соҳибкорон метавонанд ҳама намуди андозҳо ва зиёда аз 300 намуд дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва коммуналиро дар шабакаи Бонк анҷом диҳанд.
Бо мақсади тавсеа ва тақвият бахшидани хизматрасониҳои фосилавӣ, дар замимабарномаи мобилии “Амонатмобайл” низ имконияти анҷом додани пардохти андозҳо (10 намуд) ва хизматрасониҳои коммуналӣ татбиқ шуда, ба ҳолати имруза шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ 384 433 нафарро ташкил медиҳад.
Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба Интернетбонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуда, айни ҳол 7 919 адад корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он шомил карда шудаанд.
Барои таъмини фаврият ва хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон Амонатбонк кортҳои беноми “Фарогир”-ро интишор намуда, ба мизоҷон ба таври ройгон дастрас карда истодааст, ки мизоҷон бо истифода аз кортҳои мазкур метавонанд ба таври ғайринақдӣ пардохтҳоро анҷом диҳанд.
Дар баробари хизматрасониҳои болозикр, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 237 адад ва дар нуқтаҳои савдо ва хизматарсонӣ 620 адад постерминалҳо насб гардида, ҳамзамон истифодаи фаъолонаи QR-рамзҳо низ ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо таваҷҷуҳ ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат ва пешниҳоди хизматрасониҳои наву муосир ва қулай ба мизоҷон тамоми тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад.
Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”
Санаи 23-юми июни солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, зикр намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарор ва супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.
Аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар давраи ҳисоботӣ чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” илова ба хизматрасонии босамару сифатноки бонкӣ, дар ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Қайд гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” дар раванди тарғиби тарзи ҳаёти солим хеле фаъол буда, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок менамоянд. Исботи ин гуфтаҳо иштироки фаъоли ҳамҳизбиён дар дави миллӣ, ширкати дастаи занонаи волейболбозон ва дастаи футболбозон дар мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”, бахшида ба “Рӯзи пойтахт” мебошад.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занону ҷавонон дар фаъолияти Амонатбонк баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият иштирок кардани онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.
Роҳбарияти Бонк ташаббусу пешниҳодҳои созандаю пешбарандаи занону ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои босамар амалӣ гардидани онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Дар Бонк Шӯроҳои занону ҷавонон фаъолият менамоянд, ки ҳадафи асосии таъсиси онҳо ин татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.
Сипас муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, ба сухан баромада бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.
Гуфта шуд, ки ҷавононро мебояд, ки шукронаи сулҳу суббот ва истиқлолияти комили давлат намуда, бо пайрави аз сиёсати сулҳҷуёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи беназири кишвар мубориза баранд.
Дар анҷом бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”, Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., ва муовини Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Исмоилова Шаҳноза дубора ба ин мақом интихоб гардиданд.
Шуъбаи матбуоти КВД БА ҶТ «Амонатбонк»