ХАБАРИ ДОҒ

БМТ: Мо дар ҳамбастагӣ бояд рушди бозори суғуртаи мамлакатро таъмин намоем

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

 17 июли соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ва масъулини воҳидҳои сохтории Бонк ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023, баргузор гардид.

         Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода қайд кард, ки новобаста аз таъсири манфии як қатор рӯйдоду пайомадҳои ногувор, ки  боиси коҳиш ёфтани рушди воқеии иқтисодиёти ҷаҳон ва афзоиши бесобиқаи таваррум дар кишварҳои тараққикарда гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии ин омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ чораҳои амалӣ андешид, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои бозори суғурта дар ин давра мусбат ҷамъбаст гардиданд.

Роҳбарияти кишвар, - афзуд ӯ, - ба рушди бозори суғурта диққати махсус зоҳир намуда, барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани санаду меъёрҳои ҳуқуқии он пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди соҳа татбиқи 3 лоиҳаи кумакҳои техникӣ оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани раванди муосири ҳисоботдиҳӣ ва таҳлили оморӣ, таҳияи Стратегияи рушди миёнамуҳлати соҳаи суғурта, баланд бардоштани иқтидори касбии мақоми назоратӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ татбиқ шуда истодааст.

Таъкид карда шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди бозори суғурта тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок меандешад.

Аз ҷумла, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”,  аз 22 июни соли 2023, №586, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ  амалӣ карда мешавад.

Бинобар ин, масъалаи ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани амалиётҳо аз рӯйи маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ бевосита ба зиммаи КВД “Тоҷиксуғурта” вогузор шудааст. 

Дар мавриди мустаҳкам намудани заминаи қонунӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид, ки таҳлили молиявии ташкилотҳои суғуртавиро дар алоҳидагӣ аз рӯи Принсипҳои асосии суғурта анҷом диҳад.

Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимоднокии амалиётҳо шакли нави автоматикунонидашудаи ҳисоботҳои молиявӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, лоиҳаи пилотии он барои баррасӣ ва истифода ба ташкилотҳои суғуртавӣ равон карда шуд.

Фирдавс Толибзода таъкид бар он дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намуда, бо амалигардонии мониторинги доимии фаъолияти бозори суғурта ислоҳоти сохторию  солимгардонии онро дар нимсолаи дуюми соли 2023 давом диҳад.

Сипас, сардори идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова дар мавзӯи “Вазъи бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023” бо рӯнамои муфассал баромад намуда, иштирокдоронро бо натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2023, аз ҷумла сохтори низоми суғурта, дороиҳо, уҳдадориҳои тавозунӣ, сармояи худӣ, сармояи оинномавӣ, воридоти мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ, мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ аз рӯи шаклҳои суғурта, саҳми мукофоти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта дар нимсолаи якуми соли 2023 шинос намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои низом нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,3 фоиз, сармояи умумӣ 21,4 фоиз, сармояи оинномавӣ 19,3 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 57,9 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 19,1 фоиз ва пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 36,5 фоиз  зиёд гардиданд. Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 тибқи маълумотҳо дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ММД бошад, ба 0,6 фоиз баробар шуд.

“Новобаста аз ноил шудан ба натиҷаҳои мусбат, - таъкид дошт Д.Ҳусейнова, - ташкилотҳои суғуртавӣ бо роҳи таъмини фаъолияти шаффоф ва устувор намудани вазъи молиявӣ бояд саҳми худро ба рушди иқтисодиёти мамлакат расонанд”, - гуфт дар хотима Д.Ҳусейнова.

Дар идома, Фирдавс Толибзода ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди саривақтӣ ва босифати ҳисоботҳо, гузаронидани аудити беруна, татбиқи таъинотҳои Бонки миллии Тоҷикистон, иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, амалӣ намудани низоми автоматикунонии фаъолият ва ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда супоришҳо дод.

Дар бахши ҷамъбастии ҷаласаи зикршуда муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар назди ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ вазифаҳои мушаххас, аз қабили насб намудани низоми автоматикунонидашудаи пешбурди ҳисобдорӣ, таҳия ва тасдиқ намудани “Сиёсати ҳисобдорӣ”, риояи тартиби ташаккулдиҳии захираҳои суғуртавӣ, риояи талаботҳои қонунгузории соҳавӣ, вусъат додани амалиётҳои ғайринақдӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”,  аз 22 июни соли 2023, №586, зиёд намудани ҳиссаи пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ва бештар намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузошт, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба раванди рушди минбаъдаи соҳа вусъат мебахшад.

Ҳамчунин, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, роҳбарияти ташкилотҳои суғуртавӣ вазифадор гардиданд, ки саривақт чораҳои таъхирнопазир андешида, меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро дар фаъолияти худ мунтазам пайгирӣ менамоянд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, пеш аз ҳама риояи ҳатмии меъёрҳои қонунгузорӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Фирдавс Толибзода аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда, иброз намуд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳо ва вазифаҳои гузошташуда ҳамаи моро зарур аст, ки ба ҳайси узви ҷудонашавандаи ин низом дар ҳамбастагӣ рушди бозори суғуртаи мамлакатро таъмин намоем.

 

 

Шуъбаи матбуоти

БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter