ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Фев 05 2018


Дарси шоҳмот ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат ворид карда шуда, хонандагон онро тавассути фанни «Асосҳои шатранҷ» хоҳанд омӯхт. Соатҳои дарсии «Асосҳои шатранҷ» аз ҳисоби соатҳои тарбиявӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва машғулиятҳои факултативӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми мамлакат Нуриддин Саид итиллоъ дод.
Бино ба итиллои Нуриддин Саид, китоби дарсӣ вобаста ба омӯзиши нозукиҳои бозии шоҳмот тибқи барномаи тасдиқшуда ба нашр расида, қисми зиёди он алакай ба мактабҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда истодааст.

СССР

Чоршанбе, Янв 24 2018


Муҳаммадюсуф Имомзода-ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2017-ро барои ҳайати омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни ин мактаби олӣ соли пур аз муваффақият арзёбӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки ДМТ дар рейтинги донишгоҳҳои олии кишвар оид ба муайян кардани беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҶТ бо гирифтани 249 хол сазовори мақоми 1-ум шуд. Имомзода зимни суханронии хеш дар нишасти матбуотии 23.01.2018 таъкид дошт, ки соли 2017 маоши омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар ҳаҷми аз 5 то 30% вобаста ба унвони илмӣ баланд бардошта шуд.
-Боиси ифтихор аст, ки хонандаи синфи 9В-литсейи назди ДМТ Ёсуман Исмонзода дар озмуни «Кӯдакони нобиға-2017» ғалаба ба даст оварда, соҳиби ҷои аввал шуд. Бо назардошти соҳиб гаштани ҷои аввал дар олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ-«Кӯдакони нобиға-2017»-и ш.Маскав ба Ёсуман «Ифтихорнома»-и ДМТ супорида шуда, ӯ аз пардохти минбаъдаи таҳсил барои синфҳои 9, 10 ва 11 озод гардид-иброз дошт ректори ДМТ.
Бояд қайд намуд, ки алҳол дар 117 кафедраи донишгоҳ 1528  омӯзгор, аз ҷумла, 13 академики АИ ҶТ, 152 нафар доктори илм, 515 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1255 тан ба ҳайси омӯзгори доимӣ машғул ба коранд. Шумораи донишҷӯёни ДМТ 23 983 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7490 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 16 493 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.
Дар соли 2017 ҳайати устодону кормандони ДМТ роҷеъ ба 56 самт, 107 масъала ва 111 мавзӯҳои кафедравӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурдаанд. Дар баробари ин олимони донишгоҳ аз рӯи 24 лоиҳаи илмии ҷумҳуриявӣ бо маблағи 1 600 000 сомонӣ, 2 гранти байналмилалӣ бо маблағи зиёда аз 200 000 доллари ИМА корҳои илмӣ-фармоиширо роҳандозӣ кардаанд.

СССР

Ҷумъа, Янв 19 2018


Дар шаҳрҳои Қӯрғонтаппа ва Шаҳринав дар доираи Фестивалҳои футбол барои бачагон дар доираи кушодашавии Лигаи футболи ҳавлигӣ (Лига дворового футбола) таҳти унвони “Футбол ба назди шумо меояд” баргузор шуданд.
Дар фестивали мазкур, ки дар ш.Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор шуд, бештар аз 100 нафар кӯдакон иштирок намуданд. Иди варзишӣ бисёр самимона доир шуд ва дар он кӯдакон фаъолона ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти фестивал Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ба Федератсияи футболи вилояти Хатлон ошёҳои варзишӣ аз қабили тӯбҳои футболбозӣ, тӯрҳо барои дарвоза, дарвозаҳои хурд, жилеткаҳо, ҳуштак ва кортҳои довариро тақдим намуд.
Бино ба итиллои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, имсол лоиҳаи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд” дар ҳашт шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон – Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Данғара, Восе ва Кӯлоб доир хоҳад шуд.
Дар доираи чорабинии мазкур дар н.Шаҳринав бозии дӯстона байни бачаҳои маҳаллӣ ва бозингарони дастаи футболи “Регар-ТадАз” доир шуд. Вохӯрии дӯстона бисёр шавқовару диданӣ сурат гирифта бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи футболбозони наврас анҷом ёфт.
Ба иттилои директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков Лигаи футболи ҳавлигӣ ҳашт шаҳру ноҳияи ШНТМ – Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Норак, Варзоб, Файзобод ва Рӯдакиро фаро хоҳад гирифт.
Дар лоиҳаи “Футбол ба назди шумо меояд” имсол кӯдакони аз 6 то 12 сола иштирок мекунанд. Мусобиқа дар марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ доир мегардад. Марҳилаи пешакӣ аз 20 январ шурӯ мешавад ва марҳилаи ниҳоӣ бошад моҳи апрел дар маркази вилоят ва шаҳрҳо барпо мешавад.

Панҷшанбе, Янв 04 2018


Омӯзгори собиқадор, ҳоло дар нафақа, Нодир Вазирови 65-сола, сокини кӯчаи А.Ҷомӣ аз ноҳияи Фирдавсӣ (тел: 907 10 05 36) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бисёр мехостам, дидори гарми кормандони газетаи дӯстдоштаам-СССРро аз наздик бубинам ва шукри Худо, ки дидам! Ҳоло 3 хоҳиш дорам:
1.Ман кадри СССРам. Нону намаки СССРро хӯрда, соҳиби маълумоту тарбия ва савод шудаам. Аз қаламкашони мардумии СССР сидқан мехоҳам, ки нисбати Давлати сағерапарвари СССРу раҳбаронаш бадгӯӣ накунанд!
2.Теъдоди мошинҳои сабукравро дар дохили пойтахт кам ва ба ҷои он автобусҳои мусофиркашро бештар кунанд. Ин мушкил барои ҳама №1 шудааст. Беодобии мошинҳои сабукрав ба ҳаддест, ки дар “пешеход” эҳтироми роҳгузарро намекунанд.
3.Маорифи мо ислоҳоти ҷиддӣ мехоҳад. Ҷавононро дар “Соли ҷавонон” сари кор овардаву муаллимони собиқадорро ба нафақа пеш мекунанд, ки оқибати хуб надорад. Ман, ки муаллими фанни забони русӣ будам, мушоҳида намудам, муаллимони ҷавони ин фан худашон дуруст бо забони русӣ гап зада наметавонанд...

Душанбе, Нояб 27 2017


Вазорати маориф ва илми кишвар аз с.2000 сар карда, барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ мавод ва китобҳои дарсиро нашр менамояд. Ин хуб аст! Дар муддати ин солҳо якчанд китоб ба мисли “Иқтисоди бозоргонӣ”, “Адабиёти халқҳои ҷаҳон”, “Таърихи дин”, “Таърихи халқи тоҷик”... чоп шуданд, лек бо сабаби ҷудо нашудани соатҳои дарсӣ ин китобҳо ба хонандагон ба иҷора дода нашудаанд, вале маблағҳои ҳангуфт ба фоидаи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи хонандагон ва муассисаҳо интиқол дода шуданд.
Имсол китобҳои “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ (синфи 8-9), “Асосҳои бехатарии ҳаёт” чоп шуда, барои гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар синфҳои 6-7-8-9 пешбинӣ гардидаанд, Вазорати маориф ва сардори шуъбаи табъу нашри ин К.Исоев ба нақша мегирифтанд ва барои чопи китобҳо барои хонандагони зинаҳои аввали муассисаҳо диққат медоданд, беҳтар буд.Талабагони зинаи аввал норасоӣ аз кутуби дарсии забони модарӣ, математика доранд. Китобу маводҳои чопшуда ва пешкаши муаллимону хонандагон кардашуда то ҳол аз хатоиҳо орӣ нестанд. Барои мисол, дафтари фаъолияти кории роҳбари синфро барои ҳамаи зинаҳои таълим мегирем. Муаллифи ин дафтар Акрами Абдулҳамид аз он хавф бурдааст, ки навиштаи ӯро касе соҳиб мешавад, барои ҳамин дар саҳифаи аввал мӯҳри шахсии худро гузошта, дар саҳ.4 таъкид кардааст, ки муаллимон дар ёфтани асардуздон ҳамкорӣ кунанд. Аз ин рӯ, иқтибосҳои зиёд дар ҳаққи муаллифӣ доштанаш аз Қонунҳою кодексҳои ҶТ асос овардааст. Хатоиҳои имлоӣ дар ин маводи таълимӣ зиёданд. Азбаски мусаҳҳеҳии ин дафтарро худи муаллиф бар дӯш дорад, ба хатоиҳои имлоиву техникӣ “роҳ дода нашудааст”. Соли сеюм аст, ки рақамҳои тартибие, ки ному насаби талабагонро ба тартиб дароварад, дар он  рақами 16 дар 8 саҳифа дида намешавад.
Калимаҳои эм(т)сионалӣ, ба(ъ)деӣ, шеърх (оно)ӣ, тул(л)ӣ, ихтис(н)сӣ, изтиро(о)бнокӣ, нос(л)олим, саб(б)абҳои, шифоӣ-шифоҳӣ, хонадни-хонданӣ, дискуссия-искуссия... бо камбудиҳои имлоӣ навишта шудаанд. Дар саҳ.53 омадааст: падар ё модар – ҳ/я, ноболиғ - ҳ/я ва амсоли онҳо, ки истифодабарандаи он дар бораи ҳ/я чизе ёфта наметавонад ва намедонад, “ҳ/я” чиро ифода мекунад. Дар ҳамон саҳ.53 дар чанд ҷой калимаи хавф –хаф, хафнок навишта шудааст, ки ин беэътиноӣ нисбати забони тоҷикӣ ва роҳбарони синфҳо аст. Агар ин камбудиҳо дар нашрҳои оянда ислоҳ гарданд, ҳам муаллиф ва ҳам истифодабарандагон фоида мебинанд. Ин “асар” (ба қавли муаллиф) ба роҳбарони синф 13 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин нархи осмонӣ бошад, ё шартномавӣ?

З.Ҳусейнов,
н.Ёвон

Душанбе, Окт 30 2017


Нависандаи бузурги рус М.Горкий гуфта буд, ки дар ниҳоди химия хушбахтии одамизод нуҳуфтааст. Дар ҳақиқат, агар мо аз ин фан тасаввуроти кофӣ надошта бошем ҳам, дар ташноб аз навиштаҷоти зарфи полимерии шампун таркиби онро албатта мехонем. Шубҳае нест, ки имрӯз сифати ҳаёт ва зиндагии арзандаи одамон, саломатии онҳо, пешравии тиббу техника, маданияту санъат... аз ин фан вобастагии қавӣ дорад. Химия сирф фанни иҷтимоӣ ва гуманитарӣ буда, мақсади олии он баровардани эҳтиёҷи одами хокӣ (аниқтараш бардоштани ҳар нозу нузи он) аст. Ғараз аз гуфтаҳо қайд кардани муҳимияти ин фан буда, инчунин гуфтани нуқтаи зер низ ҳаст: моро мебояд аз наврасию кӯдакӣ бо ин фан ошноӣ пайдо кунем. Ҷои таассуфи зиёд аст, ки масалан, чун дар Россия кӯдакони мо дастури химияи ба синну солашон мувофиқ надоранд, китобчаҳои шавқовари химиявии махсус барои кӯдакону наврасон эҷодшуда қариб ки нестанд. Бо пайдо шудани ХИШ (“Хонаи Илмҳои Шавқовар”-ба гуфтаи муаллим Сафаралӣ Раҷабов) шояд дар ҳалли ин масъала имкониятҳои калон пайдо хоҳад шуд. Ба сатҳи дониши химиявии аксар донишомӯзон назар карда, ба чунин хулоса омадам, ки донишомӯзи имрӯза, мутахассиси химияи имрӯзро аз солҳои наврасӣ ба азхудкунии ҷиддии ин фан тайёр намудан мувофиқи мақсад аст. Ба фикри шахсии ман агар наврас дар ХИШ таомул-реаксияҳои аҷоиби химиявиро бинаду баъзеи онҳоро худаш (бо ёрмандии калонсолон ё роҳбалад) иҷро кунад, дар зеҳни ӯ саволҳои зиёде аз қабили “Чаро ин тавр шуд?” пайдо мешавад. Ин қадами аввали наврас ба фанни марказии дунёи имрӯза-химия хоҳад шуд. Андешаи он, ки баъди сохтмони НОБ-и Роғун чӣ қадар корхонаҳои илмию саноатӣ дар ҷумҳурӣ пайдо мешаванд, моро вазифадор мекунад, ба масъалаи тарғибу ташвиқи химия аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Агар кӯдак аз химия тасаввуроти кофӣ набарад, ҷаҳонбинияш маҳдуд мемонад ва дар ҳалли проблемаҳои мубрами рӯз нотавонияшро эҳсос хоҳад кард. Кош, тезтар ин маркази инкишофи зеҳнӣ пайдо мешуду мо-устодони донишкадаҳо ёрдами амалии худро мерасондем.

Диловар Муродов,
декани факултаи химия ДДОТ, номзади илм, дотсент

саҳ 36 аз 44

Китобҳо

Flag Counter