Вазорати маориф ва илми кишвар аз с.2000 сар карда, барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ мавод ва китобҳои дарсиро нашр менамояд. Ин хуб аст! Дар муддати ин солҳо якчанд китоб ба мисли “Иқтисоди бозоргонӣ”, “Адабиёти халқҳои ҷаҳон”, “Таърихи дин”, “Таърихи халқи тоҷик”... чоп шуданд, лек бо сабаби ҷудо нашудани соатҳои дарсӣ ин китобҳо ба хонандагон ба иҷора дода нашудаанд, вале маблағҳои ҳангуфт ба фоидаи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз тарафи хонандагон ва муассисаҳо интиқол дода шуданд.
Имсол китобҳои “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ (синфи 8-9), “Асосҳои бехатарии ҳаёт” чоп шуда, барои гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар синфҳои 6-7-8-9 пешбинӣ гардидаанд, Вазорати маориф ва сардори шуъбаи табъу нашри ин К.Исоев ба нақша мегирифтанд ва барои чопи китобҳо барои хонандагони зинаҳои аввали муассисаҳо диққат медоданд, беҳтар буд.Талабагони зинаи аввал норасоӣ аз кутуби дарсии забони модарӣ, математика доранд. Китобу маводҳои чопшуда ва пешкаши муаллимону хонандагон кардашуда то ҳол аз хатоиҳо орӣ нестанд. Барои мисол, дафтари фаъолияти кории роҳбари синфро барои ҳамаи зинаҳои таълим мегирем. Муаллифи ин дафтар Акрами Абдулҳамид аз он хавф бурдааст, ки навиштаи ӯро касе соҳиб мешавад, барои ҳамин дар саҳифаи аввал мӯҳри шахсии худро гузошта, дар саҳ.4 таъкид кардааст, ки муаллимон дар ёфтани асардуздон ҳамкорӣ кунанд. Аз ин рӯ, иқтибосҳои зиёд дар ҳаққи муаллифӣ доштанаш аз Қонунҳою кодексҳои ҶТ асос овардааст. Хатоиҳои имлоӣ дар ин маводи таълимӣ зиёданд. Азбаски мусаҳҳеҳии ин дафтарро худи муаллиф бар дӯш дорад, ба хатоиҳои имлоиву техникӣ “роҳ дода нашудааст”. Соли сеюм аст, ки рақамҳои тартибие, ки ному насаби талабагонро ба тартиб дароварад, дар он рақами 16 дар 8 саҳифа дида намешавад.
Калимаҳои эм(т)сионалӣ, ба(ъ)деӣ, шеърх (оно)ӣ, тул(л)ӣ, ихтис(н)сӣ, изтиро(о)бнокӣ, нос(л)олим, саб(б)абҳои, шифоӣ-шифоҳӣ, хонадни-хонданӣ, дискуссия-искуссия... бо камбудиҳои имлоӣ навишта шудаанд. Дар саҳ.53 омадааст: падар ё модар – ҳ/я, ноболиғ - ҳ/я ва амсоли онҳо, ки истифодабарандаи он дар бораи ҳ/я чизе ёфта наметавонад ва намедонад, “ҳ/я” чиро ифода мекунад. Дар ҳамон саҳ.53 дар чанд ҷой калимаи хавф –хаф, хафнок навишта шудааст, ки ин беэътиноӣ нисбати забони тоҷикӣ ва роҳбарони синфҳо аст. Агар ин камбудиҳо дар нашрҳои оянда ислоҳ гарданд, ҳам муаллиф ва ҳам истифодабарандагон фоида мебинанд. Ин “асар” (ба қавли муаллиф) ба роҳбарони синф 13 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин нархи осмонӣ бошад, ё шартномавӣ?
З.Ҳусейнов,
н.Ёвон