ХАБАРИ ДОҒ


Нависандаи бузурги рус М.Горкий гуфта буд, ки дар ниҳоди химия хушбахтии одамизод нуҳуфтааст. Дар ҳақиқат, агар мо аз ин фан тасаввуроти кофӣ надошта бошем ҳам, дар ташноб аз навиштаҷоти зарфи полимерии шампун таркиби онро албатта мехонем. Шубҳае нест, ки имрӯз сифати ҳаёт ва зиндагии арзандаи одамон, саломатии онҳо, пешравии тиббу техника, маданияту санъат... аз ин фан вобастагии қавӣ дорад. Химия сирф фанни иҷтимоӣ ва гуманитарӣ буда, мақсади олии он баровардани эҳтиёҷи одами хокӣ (аниқтараш бардоштани ҳар нозу нузи он) аст. Ғараз аз гуфтаҳо қайд кардани муҳимияти ин фан буда, инчунин гуфтани нуқтаи зер низ ҳаст: моро мебояд аз наврасию кӯдакӣ бо ин фан ошноӣ пайдо кунем. Ҷои таассуфи зиёд аст, ки масалан, чун дар Россия кӯдакони мо дастури химияи ба синну солашон мувофиқ надоранд, китобчаҳои шавқовари химиявии махсус барои кӯдакону наврасон эҷодшуда қариб ки нестанд. Бо пайдо шудани ХИШ (“Хонаи Илмҳои Шавқовар”-ба гуфтаи муаллим Сафаралӣ Раҷабов) шояд дар ҳалли ин масъала имкониятҳои калон пайдо хоҳад шуд. Ба сатҳи дониши химиявии аксар донишомӯзон назар карда, ба чунин хулоса омадам, ки донишомӯзи имрӯза, мутахассиси химияи имрӯзро аз солҳои наврасӣ ба азхудкунии ҷиддии ин фан тайёр намудан мувофиқи мақсад аст. Ба фикри шахсии ман агар наврас дар ХИШ таомул-реаксияҳои аҷоиби химиявиро бинаду баъзеи онҳоро худаш (бо ёрмандии калонсолон ё роҳбалад) иҷро кунад, дар зеҳни ӯ саволҳои зиёде аз қабили “Чаро ин тавр шуд?” пайдо мешавад. Ин қадами аввали наврас ба фанни марказии дунёи имрӯза-химия хоҳад шуд. Андешаи он, ки баъди сохтмони НОБ-и Роғун чӣ қадар корхонаҳои илмию саноатӣ дар ҷумҳурӣ пайдо мешаванд, моро вазифадор мекунад, ба масъалаи тарғибу ташвиқи химия аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Агар кӯдак аз химия тасаввуроти кофӣ набарад, ҷаҳонбинияш маҳдуд мемонад ва дар ҳалли проблемаҳои мубрами рӯз нотавонияшро эҳсос хоҳад кард. Кош, тезтар ин маркази инкишофи зеҳнӣ пайдо мешуду мо-устодони донишкадаҳо ёрдами амалии худро мерасондем.

Диловар Муродов,
декани факултаи химия ДДОТ, номзади илм, дотсент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter