ХАБАРИ ДОҒ

Ваҳдату Истаравшан: беҳтаршавии вазъи экосанитарии мактабҳои деҳаҳо

  • Сешанбе, Июн 14 2016

Барои дастгири кардани корҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони раванди рушд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии  «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар чор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои «Найдара» ва «Зардолу» - и шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои «Тошбек» ва «Вогати» шаҳри Истаравшан ҳолати маҷмӯи обтаъминкунӣ ва шароити нигоҳдории оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуда, иншоотҳои санитарӣ (экосан-ҳоҷатхонаҳо) ва гармхонаҳои офтобӣ сохтаву ба истифода дода шуданд.

 

Сохтмонии ншоотҳои номбаршуда дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо», ки аз тарафи ТҶҶ «НҶТ» аз моҳи сентябри соли 2014 то ба имрӯз, бо маблағгузории Ташкилоти байналмилалии «Ғизо барои ҷаҳон» амалӣ мешавад, муҳайё гардидаст.

Мақсади лоиҳаи мазкурро Ҳабибулло Мунавваров –ҳамоҳангсози лоиҳа дар паст кардани сатҳи паҳншавии касалиҳои сирояткунанда дар байни кӯдакон ва наврасони то 14 сола, ки бо сабаби набудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати қаноатбахши санитарӣ-гигиенӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ меоянд,  арзёбӣ кард.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter