ХАБАРИ ДОҒ

«ДЕФИТСИТ»-И КАДР Ё Намози ҷумъа нарав!?

  • Панҷшанбе, Июн 30 2016

1 моҳ зиёд мешавад, ки ба вазифаи мудирии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, касе роҳбар таъин  нагардидааст. 

 

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ довталабон ба вазифаи мудирии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зиёданд ва асосан онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аммо гуфта мешавад, ба вазифаи мудирии шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, кам касон довталабанд. 

Ба андешаи кошиносони маҳаллӣ дар ин 2 вазифа аз ҳама бештар роҳбаронашон иваз мегардидаанд ва аз вазифаи «проблемадор» дониста мешавад.  Зеро ҷанҷоли мактаббачагон, худкушии ҷавонон, даст ба ҳар гуна амалҳои зишт задани хонандагони мактаб ва ғайраҳо проблемаҳои роҳбарони ин сохторҳоро зиёд мекунад, мегӯянд коршиносон. 

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттиллои ғайрирасмӣ,  мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар пайи дар сатҳи лозима ташкил накардани чорабинии «Дави миллӣ» ва мудири маорифи шаҳри Панҷакент дар пайи он, ки намози ҷумъа рафтааст, аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. 

Аммо мудири шӯъбаи маориф дар аризаи хеш навиштааст, ки бо «хоҳиши худ» аз вазифа рафтааст.

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter