ХАБАРИ ДОҒ

Нуриддин Саид: «Эрон дар иҷрои ваъдаҳояш ноустувор аст!»

  • Душанбе, Июл 11 2016

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ таъкид менамояд, ки ҷониби Эрон дар иҷрои ваъдаҳояш дар бобати ҷудо намудани бурсҳои таҳсилӣ ба толибилмони тоҷик ва бо таҳсили минбаъда  фаро гирифтани онҳо дар мактабҳои олии Ҷумҳурии исломии Эрон ноустувор аст ва ваъдахилофӣ менамояд. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 11.07.2016 зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи 1-уми соҳаи маориф ва илми кишвар баён намуд. 

 

Вазири маориф ва илми ҶТ иброз медорад, ки ҳанӯз 2 сол пеш аз ҷониби Ҳукумати ҶИЭ ба донишҷӯёни тоҷик 250 бурсияи ройгон ҷудо шуда буд, вале аз ин теъдод танҳо 35-40 нафар толибилмон барои таҳсил ба Эрон рафтанду халос ва ин ҳам танҳо пас аз 1 сол. 

- Бо умеди таҳсил дар Эрон донишҷӯёни довталаб аз таҳсили 1 солаи хеш монданд, зеро ҷониби коршиносони эронӣ, ки бояд барои гузаронидани санҷиш ва қабули донишҷӯёни бурсияшуда ба Тоҷикистон меомаданд, танҳо пас аз 1 сол омаданд. Ҳоло бошад, вақте ки то оғози соли нави таҳсил ҳамагӣ 1 моҳ мондаасту гуруҳи 2-юми донишҷӯён бояд ба Эрон раванд, аз ҳайати кории коршиносони эронӣ дарак нест. Ба ғайр аз ин, ҷониби Эрон барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳоро дар риштаҳое ҷудо менамояд, ки ба он мо зарурат надорем ва ё мутахассисони соҳаҳои пешниҳодшударо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ худамон имкони тайёр кардан дорем. Мо ба тахассусҳои тиб, авиатсия, умури бонкдорӣ, муҳандисӣ ниёз дорем ва ин риштаҳоро ба мо Русия, Қазоқистон, Чин ва бархе аз кишварҳои Аврупоӣ хеле хуб пешниҳод менамоянд ва аз ҳамин лиҳоз хоҳишмандони ин бурсияҳо ҳам зиёд аст, - гуфт Нуриддин Саид ба хабарнигорон.

Қайд кардан зарур аст, ки дар давоми 6 моҳи аввал қабули довталабон тариқи бурсияҳои таҳсилии Русия, Чин, Белорус, Украина ва Индонезия анҷом ёфта айни замон қабули довталабон барои таҳсил дар макотиби олии Қазоқистон, Қирғизистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қувайт ва Чехия идома дорад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter