Чандин моҳ мешавад, ки ба мансаби мудири шӯъбаи маорифи ш.Панҷакент касе таъин нашудааст. Ҳанӯз ним сол пеш мудири шӯъбаи маориф Маъруф Каримов аз вазифааш озод шуда буд. Сарчашмаҳои ғайрирасмӣ сабаби барканори ҷаноби Каримовро дар намози ҷумъа ширкат намудани ӯ медонистанд. Аммо муовини раиси ш.Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ он замон гуфта буд, ки Каримов бо аризаи худаш аз вазифа рафтааст. Пеш аз таъини Каримов ҳам ба ин мансаб чанд муддат ин курсӣ холӣ буд. Ҳоло гуфта мешавад, довталабон ба вазифаи мудири шӯъбаи маориф зиёданд, вале касе шояд то ба ҳол ба раиси шаҳр писанд наафтодааст ё шахси арзандае пайдо нагардидааст. Ба қавли соҳибназарон ин вазифа дар чанд соли охир яке аз мансабҳои "ғурбатнок" дониста мешавад. Зеро ҷангуҷидол байни мактабҳо, даст ба ҷиноятҳои гуногун задани ноболиғон ва дигар омилҳо роҳбарияти шӯъбаи маорифро дар ҷаласаҳои ҳукумативу болоӣ сархам месохтааст.
Хуршед Фозилов