ХАБАРИ ДОҒ

Таълими салоҳиятнокӣ ва мушкилоти муаллимон

  • Панҷшанбе, Дек 15 2016

Аҳли маориф огоҳанд, ки соли таҳсили 2016-2017 дар зинаи ибтидоии таҳсилоти миёнаи умумии ҶТ низоми нави таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Албатта ҳар навгонию пешравӣ дар соҳаи маориф боиси дастгирист. Зеро замона дигар шудаасту танҳо бо усулҳои кӯҳнашудаи таълим талаботи имрӯзаро қонеъ гардонидан мумкин нест. Вале гап сари он меравад, ки бо ҷорӣ шудани низоми таълими салоҳиятнокӣ сарсонию саргардонии муаллимони синфҳои ибтидоӣ зиёд шуд. Бо мақсади ба ин низоми таълим шинос намудани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз моҳи июн то охири август зиёда аз 30.000 муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба таври оҷил аз курси 12-рӯзаи такмили ихтисос оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ гузаронида ва дорои шаҳодатнома шуданд. Вале оё ин миқдор омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ доир ба ин низоми таълим маълумоти даркорӣ гирифтанд? Аз суҳбатҳо бо омӯзгорони 1 қатор муассисаҳои таълимии ш.Душанбе маълум шуд, ки онҳо аз ин курсҳо қариб чизе нагирифтаанд ва аксари тренероне, ки дар ин курсҳо дарс мегузаштанд, худ оид ба ин низоми таълим маълумоти казоӣ надоштанд. Ман худ шунавандаи ҳамин гуна курс дар моҳи август будам. Бахти шунавандагони гурӯҳи мо баландӣ карду ба мо яке аз муаллифони китоби забони модарӣ барои синфи 2-Бунафша Ғаниева дарс дод ва мо аз он кас бисёр чизҳоро омӯхтем. Аммо шунавандагони дигар гурӯҳҳо чӣ? Ҳангоми танаффусҳо бо шунавандагони дигар гурӯҳҳо ҳамсуҳбат мешудам ва онҳо иброз медоштанд, ки дар машғулиятҳо бештар ба конспектнависӣ машғуланд. 

 Дастурҳое, ки муаллимон надоранд!

Ман мақолаи омӯзгори литсейи “Роҳнамо”-и ш.Душанбе Мавҷуда Нуроваро дар газетаи “Омӯзгор”(№44, 28.10.2016) оид ба низоми нави таълим хондам. Ӯ қайд намудааст: “Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дастури муҳиму муфассалеро бо номи “Маҷмӯи модулҳо оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ” ба нашр расонидааст, ки он дастгиру роҳнамои боэътимоди омӯзгорон дар роҳи тадбиқу корбасти низоми таълими салоҳиятнок мебошад. Ва чандест, ки аҳли таълиму тарбия аз ин дастури арзишманд пурсамар истифода мебаранд”. Аммо дар асл “Маҷмӯи модулҳо...” 1 тараф истад, то ба имрӯз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ “Роҳнамои омӯзгор” аз фанҳои забони модарӣ ва математикаро дастрас накардаанд. Муаллифони низоми таълими салоҳиятнокӣ албатта кори назаррасеро ба анҷом расониданд, ки он барои беҳбудии кор дар синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад. Онҳо дастуру маводи зиёди таълимиро гирд овардаанд, ки боиси таҳсин аст, аммо ин дастуру мавод то ҳол ба пуррагӣ дастраси муаллимони синфҳои ибтидоӣ нашудаанд. Тавре дар ҷамъбасти курси 12-рӯза оид ба низоми таълими салоҳиятнок ҳама шунавандагонро бовар кунониданд, ки рӯзи 1 сентябр, яъне оғози соли таҳсил тариқи ройгон “Роҳнамои омӯзгор” аз ҳамаи фанҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд. Аммо 15 октябр танҳо Роҳнамои фанҳои санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба мактабҳо ворид карда шуданду халос. Пас маълум мешавад, ки ҳангоми гузариш ба ин низоми таълим ба саросемагӣ роҳ дода шудааст. Ба фикри шахсии ман агар ин низоми таълим дар якчанд мактаб ба таври озмоишӣ ҷорӣ карда мешуду баъди таҳлилу баррасии натиҷаи он, дар дигар мактабҳо роҳандозӣ мегардид, ба манфиати кор мебуд. Зеро бо ин мушкилоти молию пулӣ сари вақт нашр кардан ва ба муаллимон дастрас кардани маводҳои таълимӣ оид ба низоми таълими салоҳиятнок кори осон нест. Баъзе омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ  маҷбур шуданд, ки аз интернет маводҳои лозимаро дастрас карда, онҳоро бо харҷи калон нусхабардорӣ кунанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи муаллимони синфҳои ибтидоӣ чунин имкониятро доранд? Ба замми ин ягон китоби дарсии мувофиқ ба ин низоми таълим нашр нашудааст. Тавре дар ин низоми таълим таъкид шудааст, “омӯзгор метавонад матнҳоро тағйир диҳад ва матни дилхоҳро вобаста ба қобилияти хонандагон ва имкониятҳои муассисаи таълимӣ интихоб намояд”. Аммо барои ин бояд “Замима ба китоби дарсӣ” дастрасӣ омӯзгор бошад. Вале, ин ҳам нест.  Хуб, фарз кардем муаллим аз китобҳои бадеии бачагона матнеро интихоб намуда, ин корро иҷро кард, вале хонанда дар хона бояд чӣ кор кунад, вақте, ки дар китобҳои дарсии мавҷуда аксари мавзӯҳо нестанд?

Тақлид ба хориҷа ҳадд дорад?

Ҳайронам, ки чаро солҳои охир тез-тез ивазшавии низоми таълим, (бо ном хориҷӣ) дар мактабҳои мо роҳандозӣ мешавад? Яке аз собиқадорони соҳаи маориф, ҷоизадори Президенти ҶТ дар соҳаи маориф устод Ҳабибулло Искандаров дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст: “Аз таҷрибаи пешқадами педагогикаи муосири ҷаҳон ҳам бояд баҳра бардорем. Вале нусхабардорӣ накунем. Мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Он тартиб, низом, қарорҳо ва қонунҳои худро дорад. Мо бояд аз ин талаботҳо берун набароем ва дар навбати аввал дастурҳои онро ба амал барорем. Фонду ташкилотҳои хориҷӣ, ки ба мо ёрӣ мерасонанд, фақат маслиҳат дода метавонанду халос. Ҳақ надоранд, ки ақидаҳои нодурусти худро зӯран болои мо бор кунанд. Бояд хусусияту менталитети миллии моро ба ҳисоб гиранд. “Реформаторҳо”-и мо ҳам аз ҳад нагузаронанд”. Ҳақ бар ҷониби ин устодони бузург аст. Он чӣ, ки иншо кардам, ин фикри шахсии ман аст, шояд дар он хатое рафта бошад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ҳамкасбон эҳтиромона хоҳиш дорам, ки фикру мулоҳизаҳои хешро нависанд. Зеро, ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.

Назари Наврӯз,

муаллим, ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter