ба дашти харобу маргбори Дилварзин муҳоҷир карданд. Бале, ҳамон Дилварзине, ки баъдҳо мастчоҳиёни бонангу ор ва меҳнатқарин бо қувваи бозӯ обод кардаву номи диёри бобоӣ-Мастчоҳро гузоштанд. Муродбеки хурдсол низ дар қатори калонсолон меҳнат мекард, заҳмат мекашид. Устод мегӯяд:
-Фаъолияти меҳнатии ман аз соли 1962 оғоз ёфта, дар дафтарчаи меҳнатиям сабт аст. Хеле аҳлона меҳнат мекардем барои ободии Дилварзин ва аз дашт ба гулистон табдил додани он.