ХАБАРИ ДОҒ

Миралиев: ДМТ ҳамеша дар ҷои 1 аст!

  • Панҷшанбе, Июл 20 2017


“Донишгоҳи миллӣ ҳамеша дар ҷои аввал аст. Имрӯз ҳама новобаста аз сатҳи донишаш мехоҳад, ки аввал ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуда бошад, баъдан дигар донишгоҳҳо интихоб мешаванд. Дар ин самт мо танқисӣ намекашем. Донишгоҳи миллиро интихоб кардаанд, мекунанд ва оянда ҳам хоҳанд кард. Сабаб он аст, ки мо пойгоҳи илмӣ, таълимӣ, варзишӣ, таҷрибаомӯзӣ дорем”-қайд намуд ӯ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги донишгоҳҳо дар Тоҷикистон дар ҷои аввал аст».  Ин нуктаро муовини аввали ректор оид ба таълими ДМТ Миралиев Абдусалом дар нишасти матбуотии худ зимни посух ба суоли хабарнигор иброз намуд.  Миралиев гуфт, ки имсол  бояд 3800 донишҷӯ ба ДМТ қабул карда шаванд, ки ҳар 1 довталаб ҳуқуқ дорад, 12 ихтисосро интихоб намояд.
Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки дар ДМТ бо мақсади мунтазамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ факултети муштараки «Технологияи информатсионӣ»- и Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. «Мувофиқи шартномаи тарафайн дар факултети технологияи иттилоотии муштараки Тоҷикистон-Беларус донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин дар оянда ба таъмин намудани кадрҳои болаёқат дар самти амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард» - гуфт Миралиев.


СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter