Дар мактабҳои миёна, барҳам додани санҷиши тестӣ ва ба санҷиши хаттӣ гузаштан иқдоми саривақтист. Чунки санҷиши тестӣ хонандаро бесавод ва муаллимро бесаводтар мекунад. Хонанда ва муаллим вақте ҷавоби тестро дастрас менамуд, санҷиш дар ним соат тамом мешуд. Инро барои фанни Алгебра мегӯям. Ман шоҳиди он будам, ки дар синфи 10 санҷиши аз синф ба синфгузаронӣ ва дар синфи 11 санҷиши тестии хатмкуниро ҷонишинони директор оид ба таълим, ки худ забончианд, мегирифтанд. Беқадрии фанни риёзӣ ва масхарабозии санҷиши тестӣ аз ин зиёд мешавад!? Дар бораи танзими соатҳои дарсӣ доир ба фанни математика фикри худро баён мекунам:
-Дар тамоми синфҳо аз математика соатҳои дарсӣ ихтисор шудааст. Ин танзими программа фақат барои камбағалон аст. Дар литсею гимназияҳо ва макотиби хос, ки фарзандони қишри болоии ҷомеа таҳсил мекунанд, оё ҳафтае 2 соат дарси алгебра мехонанд?!
Маорифчиён, шодии яклаҳзаина ва умрбод фаромӯшнашавандаи хонандагони синфи 1-«Иди алифбо»-ро баргардонед!!! 1 бор шеъри шодравон Лоиқро дар бораи Занги охирон хонеду ба таҷлили он монеа нашавед! Бовар кунед, хатмкунандагони синфи 11 ин шабу рӯз мурғи болшикастаеро мемонанд. Гӯё 1 чизи асосиро гум карда бошанд! Охир, ин чӣ ҷои бадӣ дошт, ки соате чанд саҳнаороӣ кунанду рақсанду бозанд, гӯянду биханданд ва охирин бор бо устодон сари хоне нишаста, бо орзуҳои нек хайрбод гӯянд? Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки муаллимон наметавонанд, озодона дар ҷашнвораҳо сари дастархоне бо ҳам нишаста пиёлаи чойеро нӯшанд. Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, дар ҷумҳурӣ муаллимон аз имтиёзҳое бархурдор буданд. Он имтиёзҳоро баргардонед, муҳтарам садрнишинони вазорат. Вақте ки Рамзан Қодиров идеали намояндаи Вазорати маориф ва илм асту тақлиди ноҷо ба турку араб мекунем, қатор-қатор филмҳои туркиро тарҷума ва ба халқи худ пешкаш месозем, хизмати хирсона кардаем. Чаро пеши инҳоро намегиред, агар ин қадар патриот ҳастед?
Ва ахиран нақши муаллимро баланд бардоштан лозим. Беқадрии муаллим ба ҷоест, ки агар дар Маркази Миллии Тестӣ ба ихтисоси интихобкардаат бал нарасид, мегӯянд: «Марҳамат, рав муаллим шав!»
50 соли умри худро сарфи таълиму тарбия карда, кӯшиш намудам, ки 85-90%-и дарси ман чун дарс гузарад. Ҳарчанд, ки зи кӯрдилон қадре надидам, аз роҳи тайкардаи худ ҳаргиз пушаймон нестам. Фақат ба камдонишӣ ва камсаводии фарзандони қишри миёнаи ҷомеа дилам месӯзад. Дили шумо чӣ?
Бурҳониддин Ҳомидов, омӯзгори фанни риёзии мактаби №33, н.Турсунзода