ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо донишҷӯёни хуҷандӣ

  • Душанбе, Март 14 2016

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо тамоми донишҷӯёни хуҷандие, ки дар мактабҳои олии пойтахт машғул ба таҳсил мебошанд, мулоқот намуда, сипас ҳамаи онҳоро, ки беш аз 200 нафар мебошанд, бо мукофотҳои пулии Мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд сарфароз намуд.

Мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯён рӯзи 14 марти соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангии «Ҷавонон»-и пойтахт бо ширкати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат гирифта зимни баромади хеш Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки таҳсил ва зиндагии ҷавонони донишҷӯи хуҷандӣ дар пойтахт ҳамеша зери назари масъулини Хуҷандшаҳр буда аз ҷавонон танҳо хоҳиш карда мешавад, ки хубу аълон хонда соҳиби касбу маълумот гарданду ба халқу Ватани хеш хизмат намоянд.

   

Аҳтам Абдуллозода низ дар навбати хеш қайд намуд, ки дари Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамеша барои ҷавонон боз аст ва ҳар донишҷӯе, ки мушкил ё пешниҳод, фикру мулоҳиза дорад, метавонад бе ягон монеа ба назди раиси кумита даромада изҳор намояд.

Пас аз суханронӣ ва маросими мукофот супорӣ аз ҷониби ҳунармандони Хонаи маданияти №1-и шаҳри Хуҷанд ба донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешниҳод ва баъдан хони наврӯзӣ густурда шуд.

Ҷамилаи Мақсуд

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter