Дар н.Муъминобод раҳбарони макотиби миёна натавонистанд, ки сари вақт маблағ барои таъмири мактаб аз буҷети ноҳия дастрас намоянд. Мудирони мактаб аз ночорагӣ маҷбур шуданд, ки таъмирро бо роҳи қарз ба анҷом расонанд. Масъулон мегӯянд, натанҳо имсол, балки соли гузашта низ таъмири мактабро бо роҳи қарз ба анҷом расонида буданд. Сафархон Маҳмадшоев-муовини мудири шуъбаи маорифи н.Муъминобод дар суҳбати телефонӣ ба СССР гуфт, ки имсол дар ноҳия 55 мактаби миёна, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 2 гимназия, 1 маркази компютерӣ, дар ҷамъ 62 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки таъмири онҳо аз буҷети ноҳия ва бо кӯмаки волидону омӯзгорон тармим шуданд, - гуфт ӯ. Мутаассифона, бештари муассисаҳо аз пардохти маблағ бенасиб монда, муассисаро бо роҳи қарз таъмир намуданд. Амриддин Сайфиддинов-директори мактаби №30 дар суҳбат бо СССР афзуд, ки «аз буҷети ноҳия 3500 сомонӣ барои таъмир ҷудо шудааст, ки аз ин маблағ 2985 сомонӣ дастрас намудем. Ин хело кам аст. Барои таъмири бинои муассиса басандагӣ намекунад. Мактабро бо роҳи қарз ва аз ҳисоби ассотсиатсияи волидон аз таъмир баровардем. Ҳоло ҳам аз мағозаҳо қарздорем».
Зимни таҳқиқ аён шуд, ки сифати корҳои таъмири баъзе аз муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи паст анҷом ёфтаанд. Фарзи мисол, гарчанде даруни бинои мактаби №39-и деҳаи Туто каме рангу бор шуда бошад ҳам, аммо берун ва пушти бинои мактаб боре ҳам таъмир нашудааст. Давлаҳмад Абдуллоев-мудири ҳамин мактаб мегӯяд, «аз буҷет 3000 сомонӣ ҷудо шудааст, лек ин хело маблағи кам аст. Бо ин ҳатто 2 синфхонаро таъмир карда намешавад. Бинои пеши мактабро бо кумаки соҳибкорон ва волидони хонандагон таъмир намудем. Мактаб аз соли 1990 то инҷониб фаъолият карда, 638 нафар хонанда дорад, вале ягон бор таъмир нашудааст.
Ҷ.Паҳлавонов-директори мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия зимни суҳбат бо СССР иброз дошт, ки «таъмири муассисаро бо роҳи қарз ба анҷом расонидем. Ҳоло аз дӯкону мағозаҳо қарздорем. Дар сметаи муассиса барои таъмир аз буҷети ноҳия 10.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо то ҳол ягон маблағашро мо дастрас накардаем…».
Аммо дар 1 суҳбат бо Тоҷиддин Мирзобаротов-сардори шуъбаи хазинадории молияи Ҳукумати н.Муъминобод маълум шуд, ки маблағи таъмир аз буҷети ноҳия барои таъмиру тармими мактабҳо дар моҳи август-сентябр ҷудо шудааст. Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки маблағи таъмир аз рӯи харҷномаҳои мактабҳо пардохт карда мешавад. Чанд муассисаи таълимие, ки мудирони мактаб аз буҷети ноҳия маблағи таъмирро гирифтаанд, ин аст:
Мактаби №30 3000, мактаби №39 3000, мактаби №7 1500, мактаби №1 6000, мактаби №48 5000 сомонӣ маблағи дар харҷномаҳо тасдиқшуда пурра пардохт гардидааст...».
Бояд гуфт, ки бештари мактабҳои таълимӣ то ҳол аз пардохти маблағ бенасиб монда, тармими муассисаро бо роҳи қарз ва кӯмаки омӯзгорон ба сомон расонидаанд. Дар фарҷом аён гардид, ки феълан шумораи зиёди мактабҳои миёнаи ноҳия бо қувваи худи омӯзгорон таъмир дидаанд. Омӯзгорони мактабро барои ҷалб дар корҳои тармим ҳеҷ кас «музд» намедиҳад. Роҳбари дилхоҳ мактабро аз таъмир пурсӣ, танҳо 1 гап мегӯяд: «Таъмири мактабро аз ҳисоби каме қарз ва тариқи ҳашар бо кӯмаки омӯзгорон ба охир расонидаем». Пас, суоли матраҳ ин аст: Агар таъмири мактабҳо бо каме қарзу кӯмаку ҳашари волидону омӯзгорон анҷом ёфта бошад, пас маблағҳои ҳангуфте, ки аз буҷети ҳукумати ноҳия ҷудо мешаванд, куҷо мераванд?
Исломи Раҷабалӣ,
СССР, Кӯлоб