Падару модарони толибилмони н.Кӯшониён аз муаллимони мактабҳо изҳори норизоӣ доранд, ки ҶДММ «Суҳайл Синамо» барои намоиши 1 филм нархи 1 чиптаро 6 сомонӣ нархгузорӣ кардааст ва бояд онро ҳатман хонандагони мактабҳои ноҳия бихаранд. Ин дар ҳолест, ки на танҳо дар Кушониён, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вил.Хатлон чиптаҳои синаморо дар байни мактабҳо тақсим карда, ба фурӯш гузоштаанд. Хонандагон ва волидайни онҳо мегӯянд, 1 чиптаи филм барои хонандагон, ки бояд рӯзҳои наздик намоиш дода шавад, 6 сомонӣ арзиш доштааст. Гулрухсор Ҳусейнова, сокини ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и н.Кушониён дар сӯҳбат бо мухбири СССР изҳор дошт, ки писараш дар муассисаи таълимии №19 таҳсил мекунад ва чанд рӯз аст, мегӯяд «то 3 сомонӣ надиҳӣ ба мактаб намеравам, чунки муаллим маҷбур дорад пули чиптаи киноро пардохт кунам». Билохира, 3 сомонӣ додаму чиптаро оварда гуфт, ки «1 чиптаро 2 нафар харидорӣ кардем». Аз ин маълум мешавад, 1 чипта 6 сомонӣ арзиш доштааст.
Кинои пулакӣ
Мо падару модарон дар ҳайратем, ки чӣ гуна маҷбур ба хонандаҳо кино намоиш медиҳанд? Хуб намешуд, ки дар вақти холигии хонандаҳо дарсҳои иловагӣ гузаранд! Аҷибаш ин, ки чаро филмҳои навро дар кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳо пешкаши мардум намекунанд? Эҳтимол аст, ки филми таҳия кардаи онҳо ба мардум писанд нест, ки харҷи таҳиякардаи филмро аз талабагон бо ситам мегиранд. Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хоҳиш мекунем, манфиатҳои хонанда ва муаллим ҳимоя шавад, на аз филмсозон - гуфт Гулрухсор.
1 сокини деҳаи «Хушвахт»-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар сӯҳбат бо СССР шиква кард, ки кормандони ширкати «Суҳайл Синамо» маҷбур ба фарзадонамон филм нишон дода, барои намоиши он дар 3 сомонӣ чипта мефурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки 1 чиптаро 2 хонанда мехарад ва ин ба 6 сомонӣ рост меояд. Гап сари он аст, ки хонандаи синфи 1 ва 2, ки ҳоло қобилияти фаҳмиш надорад, аз кино чиро мефаҳмад?
Умеди Карим, падари 1 хонанда аз ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод», ки фарзандаш дар муассисаи таълимии №54 таҳсил мекунад, гуфт:
-Ман зид нестам, ки кӯдакон филм тамошо кунанд, лек тамошои филм дар шароити хона хуб аст, дар гармии синфхона ё зимистон дар сардӣ намехоҳам, ки фарзандам 1 филмро, ки шояд барои ӯ писанд нест, бубинад. ҶДММ «Суҳайл Синамо» филмеро ба хонанда «пешкаш» мекунад, оё мазмуни он барои кӯдакони синни мактабӣ мутобиқат мекарда бошад? Хуб мешуд, пули филмро ба омӯзгороне ҷудо карда, дарси иловагӣ медоданд.
Дар замони шӯравӣ филмҳо дар шаҳру навоҳӣ намоиш дода мешуд, ки он вақт мардум вазъи иқтисодии хуб дошту ҳаваси тамошои филм, вале ҳоло филмро ба 1 мақсад намоиш медиҳанд, ки харҷи наворбардорӣ ва кори ҳунармандонро пардохт кунад. Суоле ба миён меояд, ки аз тамошои филм, ки шояд ба аксар хонандагон чизе намедиҳад, кӣ манфиатдор аст: Мудирони мактабҳо, идораҳои маориф ё филмсозон?
Дар мактуби Вазири маориф ва илми ҶТ ба ҶДММ «Суҳайл Синамо» тавсия дода шудааст, ки бо мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вил.Хатлон мувофиқа карда шавад ва берун аз дарс ва бо розигии падару модар филмро пешкаши хонанда кунанд. Аммо падару модарон мегӯянд, бо онҳо касе чизеро мувофиқа накардааст.
Мухбири худамон
вилояти Хатлон