Дар давраи советӣ дар 15 ҷумҳурии бародарии СССР соли таҳсили мактаббачагон 25 май ба охир мерасид. Хонандагони синфи 11 “Занги охирин”-ро бо хурсандӣ ҷашн гирифта, “хайр, мактаб” гуфта, бо мактабу муаллимон хайру хуш мекарданд. Ҳоло ин амалҳо дар мо несту хурсандии чандсоатаи хатмкунандагон бо фармони Вазорати маориф аз байн бардошта шуд. Ин ба кадом хотир буд, касе чизе намедонад, аммо ҳаминро медонем, ки педагогу психологҳои даврони советӣ то хурдтарин ҷузъиёти педагогикаю физиологияи одамро омӯхта, баъд реҷаи муайяншударо роҳандозӣ карда буданд. 3 ҳафта дароз кардани соли хониш ягон зарра ба манфиати талабаю хатмкунанда кӯмак намекунад. Муаллим баъди 25 май ба такрори дарсҳои гузашта мегузарад, ки ҳар 2 тараф аз ин такрорҳо хаста мешаванд, таъсири манфӣ ба саломатӣ ва психикаи хонандагон мерасонад, чунки ҳаво гарм ва қариб дар ҳама синфхонаҳои макотиби ҷумҳурӣ кондитсионер нест!!! Дар давраи таътили тобистона волидону фарзандон ба парваришу ҷамъоварии ҳосили парваридаи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мешаванд. Ин заминаи асосӣ барои хариди сарулибоси мактабӣ, лавозимоту китобу дафтари мактабии соли хониши оянда мегардад.
Зайнулобиддин Ҳусейнов
н.Ёвон