Вазорати маориф ва илми ҶТ бо нашри 1 Муроҷиатнома ба унвони устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли маориф ва илми кишвар нахуст тасаллияти худро ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон-кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор намуда, пасон хостааст, ки талаботҳои гигиениву эпидемиологиро ҷиддан риоя намоянд.
Дар Муроҷиатномаи мазкур инчунин омадааст:
« - Волидайни муҳтарам, вақтро барои фарогирии дониши фарзандони худ самаранок истифода баред, рафтори ҳамарӯзаи онҳоро назорат карда, кӯшиш намоед, ки фарзандони шумо бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тамошои филмҳои мазмуни тарбиявию ахлоқидошта ва барномаҳои телевизионии таълимӣ гузаронанд. Дар муҳити хона нигаҳ доштани фарзандон боиси ҳифзи саломатии онҳо, хонавода ва аҳли ҷомеа мегардад.
Ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир-КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед. Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд.
Муҳтарам роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар чунин рӯзҳои ҳассос бо дарки масъулият бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошед ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешед. Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем ва дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ба рӯзҳои неку пурсаодати миллату меҳан хоҳем расид».