ХАБАРИ ДОҒ

Чаро маҷаллаи техникӣ надорем?

  • Чоршанбе, Апр 07 2021

Тоҷикистон 20 соли ахирро даҳсолаҳои илми дақиқ хонда бошад ҳам, ягона кишварест, ки ягон маҷалла ё газетаи техникӣ барои наврасону ҷавонон, мактаббачаҳо ва донишҷӯён надорад. Ин камбуди усулии Вазорати маориф ва илм аст, ки бояд вазири нав рафъ созад. Зеро маҷаллаҳои кӯдаконаи мо танҳо шеъру панду ҳикмат доранду бас. Гӯиё кӯдаки Тоҷик физику химику биологу атомшик шуда наметавонад.

Ҳанӯз соли 1956 журнали "Техники ҷавон"(Юний техник), ки маҷаллаи илмӣ- техникии Кумитаи марказии комсомол ва ташкилоти умумииттифоқии пионерии ба номи В.И.Ленин буд, барои мактаббачагон фаъолияти худро оғоз карда, ба аудиторияи худ, хонандагони мактаб, аз дастовардҳои илмӣ, техникаву технология ва истеҳсолоти ватаниву хориҷӣ иттилоъ медод. Дар маҷаллаи "Юний техник" мунтазам асарҳои нависандагони маъруф Кир Буличев, Роберт Силверберг, Иля Варшавский, Артур Кларк, Филипп Дик, Леонид Кудрявтсев ва дигарон нашр мешуд. Маҷаллаи мазкур, баъди пошхӯрди СССР низ то ҳол дар Россия бо ҳамин ном нашр мешавад.  

«Техники Ҷавон»-Украина

Маҷаллаи "Техники Ҷавон "-и Украина нашрияи ҳар моҳаи илмӣ-оммавие мебошад, ки бо забони украинӣ барои кӯдакон ба табъ мерасад. Он иборат аз 32 саҳифа буда, бо коғази ранга рӯйи чоп меояд. Вазорати маориф ва илми Украина ин маҷалларо барои дар корҳои таълимӣ ва тарбиявии муассисаҳои таълимӣ истифода намудан, тавсия додааст. Дар навбати аввал ингуна маҷалла ба назар чизи оддӣ намояд ҳам, вале он метавонад дар васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакон ва бедор намудани завқу шавқ ба илму техника мусоидат намояд. Дар ҳар шумораи он маълумот дар бораи ихтирооти ҷолиб дар таърихи инсоният, навовариҳои илмӣ-техникӣ, аксҳо ва диаграммаҳо ҷиҳати сохтани ҳавопаймоҳо ва моделҳои киштӣ, муаммоҳо, озмунҳо ва ғайра дида мешавад. 

«Технологияҳои асри 21» - Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон бо қарори ҳукумат маҷаллаи нави "21 аср технолари" ("Технологияҳои асри 21") таъсис дода шуд, ки мавзӯъ ва мундариҷаи он пурра барои хонандагони мактабҳо, литсейҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Сабаби зарурати эҷоди ин маҷалла ба андешаи коршиносони ӯзбек пеш аз ҳама "Бо мақсади баланд бардоштани нерӯи эҷодӣ ва зеҳнии ҷавонон тавассути шиносоӣ бо дастовардҳои навтарини илм ва техника" будааст. "21 аср технолари" аз буҷаи давлат ба тамоми мактабу китобхонаҳо ройгон дастрас мегардад. Миқдори миёнаи тиражи он 10 ҳазор нусхаро дарбар мегирад. 

"OYLA" - Қазоқистон

Маҷаллаи "OYLA"- маҷаллаи илмӣ-оммавӣ барои мактаббачагон бо забони қазоқӣ нашр мешавад. Дар мавриди таъсиси ин маҷалла мудири таҳририяи "OYLA" Асем Жапишева чунин гуфтааст: " Ҳар рӯз дар ҷаҳон кашфиётҳои аҷибе ба амал меоянд. Вақте ки мо истеъдодеро мебинем, дар борааш мешунавем ё мехонем, мехоҳем дар ин бора ба ҳама нақл кунем, то атфоли мо низ онҳоро донанд. Ин маҷалла ҳамин тавр пайдо шуд." Ҳадафи асосии маҷаллаи "OYLA" -ҳам аз ҳамин иборат аст. "OYLA"- калимаи қазоқии "фикр кунед" аст, ки аллакай мазмуну мӯҳтавои маҷалла аз номаш маншаъ мегирад. Он бо 2 забон-қазоқӣ ва русӣ чоп мешавад ва бо матбуоти бадномкунандаи тоҷикии ҳамномаш ягон бастагӣ надорад!

"Илм ва технологияҳои ҷавонон" - Туркманистон

Туркманистон низ аз ин гуна таҳаввулот дар канор нест. Маҷаллаи электронии илмӣ-оммавӣ "Илм ва технологияҳои ҷавонон" дар вебсайти Академияи илмҳои Туркманистон нашр мешавад. Дар саҳифаҳои он мақолаҳо ва дастовардҳои олимони ҷавон нашр мегарданд. Ин маҷалла бо мақсади рушд додани қобилиятҳои эҷодӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва мусоидат ба такмили ихтисос фаъолият мебарад. Маҷаллаи интернетии мазкур лоиҳаҳои илмӣ, пажуҳиш, дастовардҳои инноватсиониро чоп мекунад.

Тоҷикистон «Техники ҷавон» надорад!!!

Суоле ба миён меояд, ки чаро Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият чунин маҷалла надорад? Модоме, ки ғояи асосии ин гуна нашрияҳо рушди зеҳнии кудак, ташаккули ӯ барои эҷодиёти техникӣ бошад, будани ин навъи маҷалла ҳатмиву саривақтист. Хусусан, дар арафаи эълон гаштани "20 солаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ" дар ҷумҳурии мо бояд таъсиси ин гуна маҷалла аз аҳамият дур намонад. Зеро ин маҷаллаҳо имкон медиҳанд, кӯдакону наврасон моделсозии ибтидоии техникиро аз худ намоянд, бо асосҳои моделсозӣ шинос шаванд, дар бораи илм, инноватсия, нанотехнология, ҷуғрофияи минтақа маълумоти ҷолиб гиранд. Хуллас ин навъ маҷалла дар рушд ва густариши зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ агар чунин маҷалла дар Тоҷикистон таъсис ёбад, яке аз ормонҳои миллии мо дар амал татбиқ мешавад. Мо Метавонем!

Муҳаммадҷон Обидов, 

донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter