ХАБАРИ ДОҒ

Кӯшониён: мактаби нав-тӯҳфа ба кӯдак

  • Чоршанбе, Апр 28 2021

Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён соҳиби мактаби наву замонавӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои А.Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии №9 ва №10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд. Дурии мактаб барои кӯдакони ин деҳаҳо хавфи калон дошта, боиси садамаҳо бо иштироки хонандагон мегардид. 

 Мактаби нав аз 1 бино бо 2 қисми 4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар 2 баст, иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда, бунёд шудааст.

Кишоварзӣ-маҳаки рушди ноҳия

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калони кишоварзии ҷумҳурӣ буда, дар ин самт пешқадам аст. Мо чанде пеш меҳмони деҳқонони хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» ва Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам» буда, худ шоҳиди заҳмати имсолаи деҳқонони ин ноҳия гардидем.

Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” соли 2005 дар майдони 336 гектар таъсис дода шуда, аз ин шумора 331 гектараш замини обӣ мебошад. Дар масоҳати 0,14 га барои парвариши бодиринг ва қаламфури булғорӣ гармхона, дар 1 га  парваришгоҳи лиму, дар майдони 27,4 га ғалладонагӣ, 10,8 га картошка, 4 га полезӣ, 28 га сабзавот ва дар 13,8 га  улуфаи хӯроки чорво кишт намуданд. Дар майдони 5,59 га боғ бунёд гардида, дар он парвариши ниҳоли зардолу, шафтолу ва олу ба роҳ монда шудааст.

 Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” бошад дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил кардааст. Дар 20 гармхонаи таъсисдодашуда кишоварзон ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфури тез ва қаламфури булғорӣ машғуланд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар н.Кӯшониён дар семоҳаи аввали соли 2021,  49  млн 287 ҳаз. 200 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 4 млн. 328 ҳаз. 100 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 109,6 фоизро ташкил медиҳад. 

Ҳамзамон кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2021 дар майдони 1198,5 га ғалладонагӣ, 453  га картошка, 1183,6  га сабзавот, аз он ҷумла 231,5 гектар пиёз, 106 гектар полезӣ ва 483,4  га зироатҳои хуроки чорво кишт намуданд. Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз майдони 30 гектар 525 тонна сабзавот ва аз майдони 4,77 га гармхонаҳои доимо амалкунанда 60 тонна сабзавот истеҳсол шуда, ҳосилнокии зироатҳо аз гармхонаҳо ба 125,8 сент/га ва аз заминҳо ба 175 сент/га расонида шудааст. 

Дар охир 1 хушхабар, ки бо чашми сар дидам.:Ҳудудан 10 рӯз пас ҳосили нав пурра пухта мерасад ва бозорҳои кишварро деҳқонони вилояти Хатлон бо картошкаву пиёзи нав, қулфинайу бодирингу қаламфури “свежи” таъмин мекунанд. Зимнан, хонандаи гиромӣ, саросема шуда, картошкаву пиёзи бисёр нахаред. Бовар кунед, ки арзонӣ  дар пеш аст. Мо метавонем!

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

Душанбе-Ҷ.Балхӣ-Кӯшониён-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter