ХАБАРИ ДОҒ

Ҷайҳун: аз мактаби мусиқӣ то боғи фароғатӣ

  • Чоршанбе, Май 05 2021

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ният дорад дар шафати кинотеатри “Ситора”, ки зертобеи киностудияи “Тоҷикфилм” асту солҳои зиёд аз фаъолият мондааст, 1 мактаби мусиқии муосир бунёд намояд. Бинои кинотеатрро, ки аз оғози фаъолияташ таъмирро надида, ҳоло фарсудаву дар ҳолати табоҳ қарор дорад, сокинони ноҳия бо роҳбарии раиси ноҳия Абдуҳафиз Одиназода ба таври ҳашар таъмиру поккорӣ намуда, дар шафати он ба бунёди мактаби нави мусиқӣ оғоз кардаанд. Кинотеатри тобистонаи маркази ноҳия низ фарсуда гашта, ниёз ба таҷдид дорад. Кинотеатри тобистона низ дар тобеияти киностудияи “Тоҷикфилм” қарор дошта, ин ниҳод на худ таъмиру таҷдид мекунад ва на ба баланси МИҲД н.Ҷайҳун онро мегузаронад, ки дар ҷояш 1 амфитеатри муосир бунёд намоянд.

Дар умум, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳияи Ҷайҳун бунёди 294 иншооти наву ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз аз ин теъдод  262 (89,1%) иншоот сохта ба истифодаи мардум дода шудааст. Аз он ҷумла, 1 адад муассисаи таълимӣ барои 1240 ҷойи нишаст,8 адад бунгоҳи тиббӣ, 8 майдончаи варзишӣ, 1 таваллудхона барои 9 кат, 1 муассисаи томактабӣ барои 60 ҷой, 14 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷ, 26 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир, 16 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол, 8 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Яккадин, 10 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки боғи фарҳангиву фароғатии маркази ноҳия низ пас аз таҷдиду азнавсозӣ пурра эҳё гашта, имрӯз ба 1 мавзеи зебо ва макони истироҳати сокинону меҳмонони ноҳия мубаддал гаштааст.

Ҷамилаи Мақсуд, 

Душанбе-Хуросон-Ҷайҳун-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter