Имрӯз проблемаи №1 барои сокинони пойтахт на нархи сабзиву орд, на мактаби оливу миёна, на ҷои кору хобгоҳ, ки набуд ва ё норасоии кӯдакистонҳост. Ҳар оилаи ҷавон, бобову бибӣ, медонад, ки ман чиро дар назар дорам…
Ҳаққи кӯдак куҷо мешавад?
Шароити бештари боғчаҳои давлатии ш. Душанбе аслан хуб набуда, ниёз ба таъмир ва таъмини шароити дилхӯшии кӯдакон доранд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук аз ҷониби волидон оид ба пулҷамъкунӣ аз тарафи маъмурияти боғчаҳо ҳамеша шикоят зиёд аст. Новобаста аз он, ки Вазорати маориф ва илми ҶТ пулҷамъкуниро дар муассисаҳои томактабӣ рад мекунад, вале ин падида ҳаст ва сол аз сол ба ҷои коҳиш ёфтан, афзун мегардад.
681 боғча
Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 681 адад расида, шумораи кӯдакон 97 679 нафарро дар бар мегирад. Шумораи кӯдакистонҳо дар 6 моҳи ахир ба 19 адад зиёд шудааст. Айни замон, дар ВМКБ 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2141 кӯдак, дар вилояти Хатлон 158 муассиса бо фарогирии 16783 кӯдак, дар вилояти Суғд 276 адад бо фарогирии 40283 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 8566 тифл ва дар ш.Душанбе 136 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 29906 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.
Дар робита ба амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ дар ҶТ, дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян низ амалӣ гардидаанд. Агар чунин марказҳо дар соли таҳсили 2019-2020 1771 адад бо фарогирии 46360 кӯдак бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2020-2021 ба 1764 расид, ки дар онҳо 49332 нафар ба тарбия фаро гирифта шуд. Мувофиқи маълумотҳо айни замон дар ҷумҳурӣ 153 муассисаи томактабии хусусӣ ва Марказҳои хусусии инкишофи кӯдак бо фарогири 8200 нафар фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Таъмирро кӣ кунад-ҳукумат ё волидайн?
Азнавсозӣ, баргардонидани биноҳои кӯдакистонҳо, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, Марказҳои инкишофи кӯдак ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Вале дар ин самт мақомоти дахлдор корҳои судмандро ба анҷом нарасонданд. Ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Ба нақша гирифтани масъалаи баргардонидани биноҳое, ки дорои шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошанд, барои фарогирии бештари кӯдакон зарур аст.
Ҳамчунин, таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии имрӯза нокифоя будани маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот, махсусан дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба мизу курсӣ ва рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ ниёз доранд.
«Кисаи чап»-маблағ ба куҷо меравад?
Тавре маълум гашт, мушкили моддию молии боғчаҳо аслан ба Вазорати маориф ва илми мамлакат рабт надорад. Маблағгузорие, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад ба кисаи чапи дигар мақомот меравад: ба ҳукуматҳои маҳаллӣ... Шояд рӯзе расида, ки маблағ бевосита ба худи боғча гузарад? Дар ин моҷарову гирудор на мураббия ва на мудири боғчаҳо гунаҳкор нестанд, зеро маблағгузорӣ то дасти онҳо намерасад, ки ба каму кости боғча расидагӣ кунанд. Бештаре аз волидон ғайри моҳонаи муқарраршудаи давлатӣ бо розигии худ маблағи иловагие ба мураббияву парастори кӯдак медиҳанд, ки аз кӯдакашон хуб муроғибат шавад ва ин 1 қадрдонии заҳмати мураббия ба ҳисоб меравад.
Ҳаққи кӯдак куҷо мешавад?
Пайваста ҷамъоварии пули таъмиру бозича, рангу бор, таъмири ҳавзи шиноварӣ дар тобистон ва дар зимистон бошад пули бухорию парда барои гурӯҳҳои синни болоӣ коғазу дафтар, лавозимоти омӯзишию таълимӣ, инҳо магар ба зиммаи волидон аст? Пас он маблағе, ки барои рафъи ин камбудиҳо аз буҷа ҷудо мешавад, куҷо меравад? Бале, нисбат ба боғчаҳои хусусӣ, ки нархи моҳонаашон аз 800 то 2000 мебошад ин маблағ чизе нест, вале мо талаб надорем, ки шароитро мисли кӯдакистонҳои хусусӣ ба қавле «люкс» кунед! Танҳо ҳамон шароити хурдтаринро барои хушгузаронии кӯдакони қишри миёнаи аҳолӣ муҳайё созед. Қариб ҳама биноҳои боғча аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд, ҳадди ақал ҳамон биноҳоро аз таъмири капиталӣ бароред, бас.
Мо пайгирӣ мавзӯ ҳастем!
Баҳори Мубориз, СССР
PS: Меҳвари барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯдакистонҳо бошанд. Ислоҳотро бояд аз кӯдакистонҳо оғоз кард. Бояд ҳарчи бештар кӯдакистон сохту барои кӯдакон шароит фароҳам овард, кӯдаконро ройгон таълиму тадрис дод. Ояндаи миллат он вақт дурахшон мешавад, ки кӯдаконаш донову зирак ба воя расанд. «Хишти аввалаш!» ҳамин дия…