Дар мактабҳои миёна хатмкунандагони синфҳои 11 барои донишҷӯ шудан ҳаққи хизматрасонӣ ва барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 240 сомонӣ ба ММТ месупоранд. Аммо бешак ҳастанд волидоне, ки камбизоатанд ё намехоҳанд фарзандашон таҳсилро идома диҳанд, вале аз ҷониби роҳбарони мактаб ё ба гуфти худи директорон (мо нақшаро иҷро мекунем!) иҷборан аз хонандагон хоҳ ба ММТ ҳуҷҷат супоранд хоҳ не 240 сомонӣ мегиранд.
Ин ҳолатро Хуршед Икромӣ, директории Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ чунин шарҳ дод:
- 240 сомоние, ки довталаб барои ҳаққи хизматрасонӣ барои иштирок ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ месупорад, маҷбурӣ нест. Агар аз ҷониби довталаб, омӯзгоре ё фарде дар ин бора ба мо муроҷиат шавад, мо ҳатман чораандешӣ мекунем.
Дар идомаи сӯҳбат Хуршед Икромӣ қайд кард, ки ҳар касе хоҳад, метавонад барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ саводи худро дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ санҷад. Аммо дар ягон маврид ҳолати маҷбурӣ пул ситонидан нест. Мо дар тамоми баромадҳоямон таъкид мекунем, ки дохил шудан ба ММТ ихтиёрист, на маҷбурӣ.
Мудирон посухгӯянд
Пас саволе, ба миён меояд, ки чаро роҳбарони макотиби миёна аз хонандагон маҷбурӣ 240 сомонӣ меситонанд? Ҳоло он ки директори Марказ Хуршед Икромӣ мегӯяд, ки амали маблағгирӣ маҷбурӣ нест?! Ба саволи дар боло зикршуда, директорон не, бояд мудирони шуъбаҳои маориф посух гӯянд, зеро директорон зертобеанд. Агар пурсӣ, албатта мегӯянд, ки (фармон аз …боло). Пеши роҳи чунин маблағситониро зуд бояд гирифт!
Роҳ ба тақсимот
Зимни суҳбат ба хабарнигори СССР директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ дар бораи роҳ ёфтан ё наёфтани довталабон ба тақисмот, ки мушкилии аксар довталаб шудааст, чунин гуфт:
- Масалан, довталаби мо аз 1 ё зиёда имтиҳон баҳои 2 бигирад ба тақсимот роҳ намеёбад. Ва агар довталабоне, ки ба тақсимот роҳ меёбанд, пас онҳо аз ягон имтиҳон баҳои 2 нагирифта, холҳои гузаришро ба даст овардаанд…
М.Мурод, СССР