ХАБАРИ ДОҒ

Мактабро ба пора одат накунонед!

  • Чоршанбе, Сен 08 2021

 

 Раҳбарияти Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ба матлаби мухбири газетаи СССР Баҳори Нозанин, ки ҳафтаи гузашта бо номи «Қабул ба синфи 1-ум пулакӣ шуд?» нашр гардид, вокуниш намуд. Рӯзи нашри газета (офарин бар фаврият), Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ-Бобозода Асомиддин ва мудири шуъбаи таъминоти кадрҳо-Самиев Ҷумъахон ба идораи СССР омада, вобаста ба проблемаи дар мақола бардошташуда ибрози назар карданд. 

Рейд ва баёнот

   Пас аз машварат бо сардабири газетаи мардумӣ, хабарнигори СССР дар якҷоягӣ бо намояндагони Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ба рейди муштарак баромада, боз 1 бори дигар аз мактабҳои мушкилзо дидан намуд. Дар мактабҳои №91 ва 92-и пойтахт талаб кардани маблағро барои қабул ба синфи 1-ум рад карда, гуфтаҳои волидайнро инкор намуда, овозаҳоро беасос ва «тӯҳмат» арзёбӣ карданд. Новобаста аз ин Бобозода Асомиддин аз директорон ва муовинони мактабҳои мазкур баёнот гирифта, бори дигар дар мавриди таъкиду дастурҳои раиси ш.Душанбе, Рустами Эмомалӣ, роҷеъ ба маъни ҷамъоварии ҳаргуна маблағ дар мактабу боғчаҳои кӯдакона ёдрас кард. 

Нархи аттестат-7 сомонию 28 дирам…

    Сарраёсати маорифи ш.Душанбе, ба таваҷҷӯҳи волидайн мерсонад, ки тибқи дастури Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17.05. 2017, №04/45/1 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, маблағҷамъкуниҳои ғайриқонунӣ, аз қабили маблағ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ манъ гардидааст. Ҳамзамон, маблағи ҳуҷҷатҳои хатм (аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар соли 2021 ҳамагӣ 7 сомонию 28 дирамро бе хизматрасонии бонкӣ ташкил медиҳад.

Қабул бо мувофиқа

    Инчунин бояд гуфт, ки қабули кӯдакон ва хонандагони берун аз ҳудуди ш.Душанбе ба муассисаи таълимӣ қатъиян манъ аст. Директори муассисаи таълимӣ ҳуқуқ ва салоҳияти қабул намудани кӯдак ва хонандаро, ки берун аз ш.Душанбе истиқомат мекунад, надорад! Дар мавриди истисно тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ қабули муваққатии кӯдак ва хонандагони берун аз ш.Душанбе танҳо дар мувофиқаи сохторҳои ваколатдори соҳа ва бо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷозат дода мешавад. 

Ба телефони «Боварӣ» занг занед!

   Дар фарҷом Асомиддин Бобозода иброз намуд, ки мо то ҷое вазифаи худро анҷом дода, тафтиш карда баёнотҳои директорони мактабро гирифтем, боқӣ ба худи волидон вобаста аст. 

   - Бигзор каме саводи ҳуҷҷатгузории худашонро хуб карда, бо дастуру, қарорҳо шинос шуда, тибқи он ҳуҷҷатҳои кӯдаконашонро тайёр карда, ба муассисаҳо супоранд ва муаллимонро ба пора одат накунонанд. Дар ҳолати аз ҷониби масъулини муассисаҳои таълимии ш.Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули синфи 1-ум, таъмиру тармим ва зиёд талаб намудани маблағи ҳуҷҷатҳои хатм, сокинон метавонанд арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи ш.Душанбе 221-30-92 ба мо расонанд, - таъкид дошт мавсуф. 

Баҳори Нозанин, СССР 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter