ХАБАРИ ДОҒ

Қабул ба синфи 1 пулакӣ шуд?

  • Чоршанбе, Сен 01 2021

 Дар моддаи 41-и Конститутсияи ҶТ гуфта шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад ва таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлат кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

 Суоли матраҳ ин аст, ки мактабҳои миёнаи умумӣ имрӯз то кадом ҳад ҷавобгӯӣ ин моддаи Конститутсия ҳастанд? Ё худ давраи қабули хонандагони синфи 1-умро низ мисли қабули довталабон ба донишгоҳ ба тиҷорат табдил додаанд? Дар ҳудуди ш.Душанбе 130 мактаби миёнаи умумӣ, 6 гимназия, 4 литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият доранд. Дар ин 130 мактаби миёна тибқи қонунгузорӣ бояд хонандагон ройгон ба таълим фаро гирифта шаванд. Вале дар асл вазъ чигуна аст???

Пул нест? Ҷой нест!

   Оё Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дорад, ки ҳамин ҳоло қонунҳои худсохте дар мактабҳои миёна ба амал омадаанд, ки танҳо  барои қабули кӯдак ба синфи 1 дар мактаб бояд маблағи муайяне пешпардохт намоӣ? Дар ғайри сурат баҳонаи фиктивӣ тайёр аст:  «ҷой надорем, синфҳо пур!». 

Ҳар шахсе, ки пул надорад шонси таълим низ надорад, пас риояи Конститутсияи ҶТ, ки асоси тамоми қонунҳост, оид ба таълим чӣ мешавад? Бо пайгирӣ аз ин мушкилот аз якчанд мактабҳои шаҳр дидан намудем.

Назди бинои мактаби №92 н.Сино. Яке аз волидон, ки дар навбати қабул буд, гуфт, аз ман барои кабули писарам 200 сомонӣ талаб доранд. Гуфтам ман ин шароитро надорам, шавҳарам маъюб асту худам танҳо кор мекунам. Гуфтанд пул набошад ҷой ҳам нест… 

Дар 1 синф беш аз 50 хонанда…

 Мактаби №8 н.И.Сомонӣ. Даромадан замон чашмам ба эълоне афтод, ки аз тамом шудани қабул ба синфи 1-ум дарак медод. Барои муътақид шудан назди муовини директор даромада, гуфтам барои супоридани фарзандам ба синфи 1 омадаам. Мавсуф дарҳол гуфт, ки ҷой надорему аллакай синфҳоро бастаем ва рӯйхати хонандагонро ба ман нишон дода, таъкид дошт, ки мо аз нақша зиёд талаба гирифтаему шумораи синфҳо зиёд шуда, ҳоло муаллим надорем. 

- Дар синфхонаҳо 40 ҷойи нишаст ҳасту шумораи хонандагони ҳар 1 синф 50 нафар. Аз ин рӯ наметавонем дигар талаба қабул кунем, - афзуд муовини директор.

   Ӯ ба ман гимназияи №14-ро тавсия дод, ки бо гузаштан ба бинои навсохт гимназия шудаасту нархгузории солонааш ҳам зиёд. Бо пурсиши оне, ки моҳонаи мактаби №8 чанд сомонӣ нарх дорад, муаллима гуфт, ки таҳсил дар мактаби мазкур бепул аст, аммо ҳар моҳ маблағи муайянеро худи роҳбарони синф аз талабаҳо барои «фонди ободонӣ» ҷамъоварӣ мекунад.

Пулҷамъкунӣ қонунист?

 Ба гимназияи таърифии №14 рафтем. Маълум шуд, ки  фақат барои қабули хонанда ба синфи 1-ум бояд 2000 сомонӣ пардохт намоӣ, ин маблағ ғайри шартномаи солона аст, ки он ҳам 2000 сомониро ташкил медиҳад. Бинои нав, шароитҳо люкс ва таҳсил бо стандартҳои байналмилалӣ, муаллимони касбӣ, таълим низ босифат. Пулдорҳо ку зӯрашон мерасад ва имкон доранд фарзандони худро дар чунин мактабҳо хононанд. Вале мардуми одӣ чӣ? Шояд зӯрашон ба 200 сомонӣ пешпардохти мактаби оддӣ расад, вале магар ин амал ва пулҷамъкунӣ қонунист? Оилаҳое ҳастанд, ки ҳатто барои харидани 1 китобу ҷадвалу ручка  зӯрашон намерасад… 

Таъмири шикасту рехт кори кист?

 Ба мактаби №91 маҳалаи Гипрозем ба ҳайси 1 модар рафтам, чун ман дар қайди ҳамон ноҳияам. Барои қабул ба синфи 1-ум 50-60 сомонӣ талаб карданд ва он ҳам барои «омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ». Ҳангоми баромадан аз бинои мактаб модаре шикоят кард, ки аз вай 300 сомонӣ гирифтанд, чунки мавсуф дар қайди ноҳияи дигар будаст. Аз ин маълум мешавад, вақте мушкили ҳуҷҷатӣ дошта бошӣ,  баҳонаи тайёр барои ришва аст?! 

 Аз маблағи моҳонае, ки ҳар роҳбари синф худаш барои синфаш ҷамъ мекунад, пурсон шудем. Муаллимае, ки роҳбари синф будааст, гуфт: 

-Ҳар моҳ 10 сомонӣ «фонди ободонӣ» ҷамъ мекунем. Бачаҳои имрӯзаро медонед, ҳар рӯз дар синф 1  шикасту рехт мешавад, вақте комиссияи тафтишотӣ меояд, агар ҷойе шикаста ва ё вайронаеро бубинад, ба роҳбари синф фармон медиҳанд, ки худат таъмир кун. Акнун фикр кунед бо ин ҳама машаққати омузгорӣ ва 1000 сомонӣ маоше, ки мегирем, аз он пул боз таъмири шикасту рехти синфро анҷом диҳем? 

Ба ояндаи кӯдак умед бандем?

 Мо пайгири ин мавзуъ ҳастем, зеро воқеан ин падида-ҷамъ кардани маблағ барои қабул ба синфи1-ум бо баҳонаи омодасозии ҳуҷҷатҳои қабул дар чанд соли ахир ба 1 проблемаи муҳим мубаддал гаштааст. Ба додани пул ҳангоми қабул ба боғчаву донишгоҳу коллеҷу литсей кайҳо одат кардаем, аммо пардохти маблағ барои қабул ба синфи 1-ум ва он ҳам дар мактабҳои одии давлатӣ барои волидайн аллакай бонги хатар аст. Зеро вақте аз қадами аввал, ришва додаву  барои кӯдаки 7 сола партаро дар мактабу синф мехарем, қадами нахустини ӯ ба олами илму маърифат бо маблағпардозӣ шуруъ мешавад, пас аз ояндаи ӯ чӣ умед бояд дошта бошем? 

Суолест матраҳ ва на танҳо барои мактабу муаллиму волидайн. Мо Метавонем!

Баҳори Нозанин, 

Модари таҷрубавии СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter