Дар ҳошияи андешаҳое, ки роҷеъ ба озмуни «Фурӯғи …» ...
1. Баргузории ин озмун яке аз беҳтарин иқдомҳоест дар роҳи ҷалби сокинони кишвар ба китобу китобхонӣ.
2. Вақт аст, ки ба ҳайати ҳакамони озмун барои заҳмати сангинашон ташаккур гӯем.
3. Аслан ҳама иштирокчиён ғолиб ҳастанд.
4. Табиист, ки дар ҳама озмун ғолибон ҳастанду ҷоизанагирифтаҳо низ. Намешавад, ки ҳама иштирокчиёни дилхоҳ озмун ғолиб шаванд.
5. Азбаски шахсони ҷоизанагирифта нисбат ба касони ҷоизагирифта (аз 100 нафар иштирокчии озмун фарз кардем, 10 н. ҷоиза мегиранду 90 кас ҷоиза намегиранд) зиёданд ва миёни ҷоизанагирифтаҳо нимаш ҳам эътироз баён кунанд, ба назар мерасад, ки ноадолатӣ сурат гирифтааст. Дар асл чунин нест.
6. Ва боз бархурди аксарият ҳамин аст: Ман (шогирди ман, фарзанди ман) ғолиб оям (д), адолат будааст. Ман (шогирди ман, фарзанди ман) ғолиб нашавам (д), адолат нест.
7. Нашавад, ки ин иқдоми некро худамон бо дасти худамон ба нестӣ барем.
Сангин Гулов,
устоди факултаи журналистикаи ДМТ