Мунаввари Абдураҳим, хонандаи ҳамешагии ҳафтаномаи СССР ба идора дар тамос шуда (тел: 915 65 94 92), оиди набудани мактаб дар маҳалаи «Ховарон» чунин гуфт:
- Дар маҳаллаи «Ховарон» воқеъ дар 7 км, ки мардуми навхонадор зиёд шудааст, мактаб барои кӯдакони мактабхон нест! 1 мактаби замонавӣ дар назди роҳи калон сохтаанд, вале он қадар пур аст, ки то 40-50 нафар талаба дар 1 синф мехонанду ҷойи нишаст надоранд. Аз ин рӯ бештари волидайн кудаконашонро ба мактабҳои маркази шаҳр тарафи Аэропорту «Садбарг» мефиристанд. Ин кӯдакон бояд соати 6-и субҳ бароянд, то ба дарс дар вақташ расанд. Дар зимистон торик аст ва кӯдакон дар торикӣ баромада, омаданашон низ ҳамчунин соати 17 мешавад, ки ҳаво боз ҳам торик аст. Дар ин маҳалла 5 сол пеш ба сохтмони 1 мактаб сар карда буданд, вале ин сохтмон то ҳол хоб асту кӯдакон саргардон.