ХАБАРИ ДОҒ

МАКТАБ ПУР АЗ ЗАН ШУДААСТ

  • Чоршанбе, Янв 19 2022

 

 Оғоз...

Замони талабагиям дар солҳои 1975-1985 дар мактаби миёнаи рақами 21-и ноҳияи собиқи Ленингради вилояти Кӯлоб (ҳоло МТМУ № 6, ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон) ҳатто 1 нафар омӯзгор аз ҷинси зан набуд. Илова бар ин,  бовуҷуди ҳама сахтсариҳоям давоми солҳои талабагӣ ягон боре нашудааст, ки муаллиме маро зарбу лат кардан он сӯ истад, ҳатто дашному ҳақорат дода бошад. Ҳамсинфонамро низ. Аммо устодони мо “сиёсат” доштанд, ки аз диданашон дилхоҳ “сағераи хулиган”-ро ларза мегирифт. Дар бораи директори вақти мактабамон – муаллим  Иброҳим Абдуллоев, ҳатто ҳоҷати гап нест. То имрӯз, мисли ӯ шахси ботамкин, донишманд, мактабшинос, фозил, бомаданият ва илова бар ин ҷиддиву боҷазабаро кам вохӯрдам. Ҳатто, вақте ки баъди хатми Донишгоҳ ман ва боз чанд каси соле аз ман калонтару соле хурдтар ба сифати муаллим дар мактаби деҳа зери роҳбарии Иброҳим Абдуллоев фаъолият намудем, баробари ӯ ва дигар устодони замони талабагиямонро дидан, худро талаба гумон мекардем, на муаллиму ҳамкор...

 

Дабистоне, ки фарзандонам мехонанд

Фарзандони ман бошанд маълумоти миёнаи умумиро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гирифтанд. Амирҷон баъди хатми муассисаи мазкур ба шӯъбаи буҷавии факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон (РТСУ) дохил шуда, онро бомуваффақият ба анҷом расонд. Худо хоҳад, Ҳусноро имсол бо дипломи “аъло” шӯъбаи буҷавии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад. Ганҷинаам, ки ҳоло дар синфи 11-и ин мактаб таҳсил  мекунад, вобаста ба ғолибияташ дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабони ҷаҳон дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шӯъбаи буҷавии донишгоҳи интихобкардааш дохил мешавад. Дар комёбии ӯ саҳми омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ бесобиқа аст. Сӯҳробам дар синфи 10-ум мехонад. Аммо, ба қарибӣ баъди дар як ҷаласаи умумии волидайни хонандагони мактаб иштирок  намуданам, ба қарори ҷиддие омадам, ки ӯ бояд таҳсилашро дар ҷои дигаре давом диҳад...

 

Маҷлиси волидайн

Охири соли 2021 маро ба маҷлиси умумии волидайни хонандагони МТМУ рақами 59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъват карданд. Ба ҳамон мактабе, ки фарзандонам таҳсил карданду таҳсил мекунанд. Тибқи маълумоти ба ман расида, дар ин рӯз хонандагони пешқадами мактаб аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешуданд ва иштироки волидайнашон ҳатмӣ будааст. Ганҷина ҳам ба ҳайси ғолиби Озмун бо дипломи махсус мукофотонида шуд, ки бароям хеле хотирмону фараҳбахш буд.

Вале маро чизи дигаре бисёр ба ташвиш овард, ки наметавонам дар борааш нанависам. Баробари ба маҷлисгоҳ ворид шуданам, беихтиёр асари “Дарди ишқ”-и устод Кароматулло Мирзоев ба хотирам омад, ки дар он тамоми мардони деҳ ба фронт рафта, кори колхозро ба ҷои онҳо занон иҷро мекарданд.  Дар мактаби мазкур 1200 (як ҳазору дусад) талаба дар 2 баст таҳсил мекунанд. Дар ҷаласаи волидайн ҳамагӣ 60-70 нафар волидайн иштирок намуд, ки 3 кас аз ҷинси мард, дигар ҳама занон буданд. Мавзӯро пайгирӣ карда, дақиқ кардам, ки дар ин мактаб 74 (ҳафтоду чор) нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд ва аз ин шумора 4 (чор) нафарашон мардон ва боқимонда 70 (ҳафтод) каси дигар занонанд. Ёбу гир...

Акнун, фаҳмидед, ки барои чӣ рӯз то рӯз сафи писарони душвортарбия афзун мегардаду аксари бачаҳои синфҳои болоӣ дарсгурезу “хулиган” мешаванд? Зеро дар бисёре аз мактабҳои мо ҳамин ҳолат аст ва Абдуллоевҳо намерасанд, ки сари ин мавзуъ бояд Вазорати илм ва маориф андешаи ҷиддӣ кунад. Роҳе ёфта, аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби олии кишвар сафи муаллимони мардро зиёд кунед! Ақаллан муаллимони ҷавонро ба аскарӣ набаред, мактаб пури мардак мешавад.

Нуралӣ Хоркашев,

махсус барои СССР

 

  

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter