ХАБАРИ ДОҒ

Озмуни китоби «Тоҷикон»! Чаро не?

  • Чоршанбе, Янв 12 2022

 

Салом! Ман пешниҳоди Нурмуҳаммад Раҳимов, сокини шаҳри Норакро дар мавриди баргузор намудани озмун аз рӯи асари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дастгирӣ мекунам. Ин озмун бояд аз ҳамин соли 2022 ташкил карда шавад, зеро ин китоб алакай ба 90% мардуми кишвар дастрас гардидааст.  

Агар ин озмун таъсис ёбад он гоҳ ҳам рӯҳи худаш ва ҳам модараш Розия Озод, шоираи ширинкалом шод хоҳанд шуд. Розияи Озод (Розия Ғафурова) соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд (Ленинободи даврони пештара) ҳоло Суғд дар оилаи бофандаи камбағал таваллуд ёфтааст. Мавсуф шеърнависиро асосан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар карда, соли 1944 аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Муҳаббат ба Ватан» чоп шуда буд. Соли 1954 китоби дигараш бо номи «Зинда бод сулҳ» дар нашриёти Давлатии Тоҷикистон  Сталинобод рӯи чоп омад. Мавзӯи асосии шеърҳои Розия Озод ин васфи Ватан, партия, меҳнати колхозчиёни диловар ва занони озоди Тоҷикистони Советӣ мебошад. Хуб мешуд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи шеърҳои Розия Озодро нашр мекарданд, беҳтарин ҳадя мегардид.  

А.Нодир,

ш.Турсунзода  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter