Мақолаи навиштаи бародари гиромӣ Нуралӣ Хоркашев бо номи «Мактаб пур аз зан шудааст»-ро хонда, тарафдории худро баён мекунам. Ҳоло дар тамоми мактабҳои миёнаи кишварамон тамоми вазифаҳоро занҳо соҳиб шудаанд. Ва таълиму тарбия ҳам маҳз бо ана ҳамин сабаб дар мактабҳо паст шудааст. Чунки сиёсат нест, назорат нест. Хонандаи мактаб муаллимаро гӯш намекунад, ҳурмату эҳтиром наменамояд ва муаллима вазифаашро иҷро карда наметавонад.
Хуб вазифаи муаллима чист? Вазифаи муаллима пеш аз ҳама ба хонанда илм омӯзонидан, одобу ахлоқ омӯзонидан аст. Солҳои охир таълиму тарбия дар мактабҳо ниҳоят суст ба роҳ монда шудааст. Ҷангҳои байнимактабӣ, байни синфҳо ва ҳатто байни кӯчаву деҳаҳо дар авҷанд, ки инро ҳама медонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки на мактаб, на падару модарон аз болои фарзандон назорати ҷиддӣ намебаранд. Хонандагон саводи кофӣ надоранд ва муаллимон ҳамеша меноланд, ки маошашон паст аст. Онҳо набояд аз ин давлату ҳукумат норозӣ бошанд, чунки ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Назорат нест, касе парвои касеро надорад. Ҳоло ҳатто кӯдаки синфи 5-ро насиҳат карда намешавад. Агар аз бинӣ боло гап занӣ, «шайка» карда, лату кӯбат мекунанд, ё ин ки ба «бой без правил» даъватат менамоянд. Ҳурмату эҳтиром аз байн рафтааст. Солҳои пеш дар 1 мактаби калон ҳамагӣ 2-3 зан кор мекарду боқӣ мардон. Ҳамонҳо низ русзабон буданд ва таълиму тарбия, одобу ахлоқ дар сатҳи олӣ буд.
Ғуломалӣ Асоев,
ноҳияи Файзобод