Сарфароз бошед, СССР-чиён! Санаи 29.12.2021 муаллими ҷавоне, ки нав донишгоҳро хатм намуда, аз фанни математика дар МТМУ №18-и ноҳияи Дӯстӣ дарс медод, дар санҷиши нимсола аз толибае, ки бо кадом роҳе «Стипендияи Президентӣ» мегирифт, гуфтааст, ки: «Ҷавобат ба баҳои «5» сазовор нест, лекин ба хотири Президент «5» мегузорам, дар таътил тайёрии хуб бин!». Ин боиси малоли хотири толиба мегардаду бо қаҳр аз синфхона баромада, ба падараш хабар мебарад. Падари намозгузори хурофотиаш тозон ба мактаб рафта, дар назди хонандагону муаллимон муаллими ҷавонро чунон лату кӯб мекунад, ки бо бинии пачақу лабу рӯйи дарида, ба беморхона бистарӣ мегардад. Коллективи муаллимон ин ҳодисаро ба мақомоти дахлдор арз мекунанд. Лекин мақомоти қудратӣ ягон чорае намебинанд. Пас аз ин 2 муаллими ҷавон, ки аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар ин мактаб дарс мегуфтанд, зуд ба Россия сафар мекунанд. Боқимонда муаллимон бо рӯҳияи афтода кор карда истодаанд.
Акнун хонандаи азиз, худат хулоса барор, агар ҳамин муштзӯр яроқи оташфишон медошт, истифода намебурд? Пас, дар мамлакати мо ҳам террористон пайдо шудаанд, фақат ҳоло яроқ надоранд. Аз кормандони қудратии болотар хоҳиш менамоям, ки ин ҳодисаи нангинро санҷида, «қилро аз хамир ҷудо кунанд».
Ҳаким Ғуломов,
ноҳияи Дӯстӣ