ХАБАРИ ДОҒ

Деваштич: бачаҳоро фиреб доданд!

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

 

   - Дуруд ба газетаи мардумии СССР! Маро 1 масъала ба ташвиш овардааст ва ин ҳам бе ҳавасмандӣ мондани иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар ноҳияи Деваштич дар соли 2021 мебошад.

 Барои ғолибони озмуни даври ноҳиявӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода 9700 сомонӣ ҷудо шуда буд ва бояд дар 1 ҷаласаи тантанавӣ ба толибилмон тақдим мегардид. Ҷаласаи тантанавӣ баргузор гашт ва бачаҳои ғолибро ба саҳна даъват карда, дар шароити тантанавӣ, ба ҳар яке конверт доданд, аммо конвертҳои холӣ….

 Баъдан маълум гардид, ки қарор дар бораи маблағи ҷудонамудаи раис дар зинаҳои поёнии МИҲД ноҳияи Деваштич бе баррасӣ монд, зеро муҳосибот он замон пул наёфт, ки бачаҳоро ҳавасманд намояд. Ин амали «дурӯғи шаръии рӯирост» рӯҳияи бачаҳоро шикаст ва имсол, ки аллакай давраҳои мактабии ин озмун оғоз шудааст, гумон аст, ки сафи иштирокчиён афзояд. Ғолибони озмуни «Тоҷикистон ватани ман»-ро ҳам ҳамин хел, бо конвертҳои холӣ фиреб доданд…

Чаро дар зинаҳои поёнии мақомоти иҷроия моҳияти ин озмунро, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, дуруст дарк намекунанд? Чаро бачаҳои ғолибро фиреб доданду то ба имрӯз ба ягонтои онҳо ҳавасманд нагардид? Ҳоло ҳам дер нашудааст ку!

Дар ин бора муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва сардори Раёсати маорифи вилоят Осимҷон Каримов хабар доранд, раиси ноҳия низ борҳо таъкид кардааст, ки маблағи пули ғолибони озмун дастрас карда шавад, вале чаро ин масъала то ба ҳол ҳалли худро намеёбад, ман намефаҳмам!?

Саадиддин Салоҳидинзода,

мудири китобхонаи филиали №20,

маҳаллаи Файзобод,

ноҳияи Деваштич,

тел: 915497191

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter