Ҳамин чанд лаҳза қабл бо баҳсе дар шабака ошно шудам: ҷавонеро ба Китобхонаи миллӣ барои либоси варзишӣ доштанаш роҳ надоданд. Гуфтанд, ки ин фармони мудири китобхона аст, даромадан мумкин нест.
Аввалин фикре, ки ба сарам омад ҳамин буд: ҳама миллатҳо орзу ва талоши зиёд мекунанд, то ки сафи китобхонҳояшон афзун шавад. Ҳама кишварҳои пешрафта аз он сабаб рушд кардаанд, ки мардумонаш ба китоб, ки манбаи илму дониш аст, бештар ҷазб шудаанд. Яъне афзоиши сафи дӯстони китоб масъалаи одӣ набояд бошад, имрӯзу ояндаи кишвар ба ин кори дар назар муқаррарӣ бастагӣ дорад.
Агар масъала то ин ҳадд муҳим бошад, пас, касе ҳақ надорад, ки талабгори китобро ба он роҳ надиҳад. Унвони муассиса Китобхонаи миллист, яъне ба тамоми миллат тааллуқ дорад ва он ҷавонеро, ки роҳ надоданд, намояндаи ҳамин миллат аст. Аз ин ҷиҳат раҳбарони китобхона хатои ҷиддӣ карданд, ки барои либос шуда, дари махзани илмро барои илмҷӯе бастанд.
Шарт нест, китобхона бо костюму галстук равӣ!
Бо либоси расмӣ дар мизу курсӣ дер нишастан касро нороҳат мекунад. Ба ҷуз урён будан, дигар бо ҳар либос (ба шарти тоза буданаш) даромадан бояд иҷоза бошад. Китобхона ҷоест, ки китобхон ва китоб бо ҳам дар муносибат мешаванд, на одам бо одам. Мантиқ ҳаминро мегӯяд. Шояд дар театр ва донишгоҳу толорҳои фарҳангӣ либоси варзишӣ дуруст набошад, аммо дар китобхона дуруст аст, зеро дар ин бино одам на барои тамошои одамон, балки барои қироати китоб меояд. Масъаларо аз нигоҳи моҳият баҳо додан лозим, на аз меъёрҳои дигар. Баъдан, пӯшидани либос кори сирф инфиродист, муҳим, ки ба соҳиби либос писанд ва роҳат бошад. Сониян, китобхониву рӯбардори ҷойҳои лозими китоб вақти тӯлонӣ мехоҳад, одам барои 1-2 соат ба китобхона намеравад-ку. Аз ин хотир, либосаш бояд барои нишасти тӯлонӣ мувофиқ бошад. Барои ҳамин шарти гузоштаи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ мувофиқ ба фаҳму дарки шахсии худашон аз фарҳанги либоспӯшист, на бо иқтизои фарҳанги умумӣ.
Маъмурияти китобхона хато мекунад!!!
Хулосаи мо: ин шарти мудирияти китобхона на муҳим аст, на дуруст аст, на бо тақозои фарҳанг аст. Бояд ҳарчи зудтар ин амри истибдодиро бекор кард. Маъмурияти китобхона бояд вазифадор бошад, ки сафи китобхонҳо афзояд, на ин ки бо баҳонаи либос шуморашон маҳдуд шавад. Ҳамин одати моро дар бархе кишварҳои аз илму фарҳанг пешрафта "лухтакбозӣ" меноманд.
Соли 1998 буд ё 1999, аз Шветсария 1 олиме ҳамроҳи тарҷумонаш ба донишгоҳ омад. Шими ҷинсу пиҷак дошт ва пойпӯши варзишӣ. Уламои мо, ки ҳама либоси расмӣ доштанд, хоставу нахоста ба пойи меҳмон менигаристанд. Баъди рафтанаш яке гуфт: ин касро чӣ хел дарбонҳо роҳ додаанд? Шояд касе огаҳ кардааст, ки ин кас меҳмони хориҷист, вагарна. Ташвиши он кас дуруст буд: он замон бо пойафзоли варзишӣ даромадан ба биноҳои донишгоҳ ба марг баробар буд...
3 сол пеш ҳодисаеро бароям нақл карданд. Кадом намояндаи вазорат омада, бо донишҷӯдухтаре баҳс кардааст: он намоянда ранги рӯймоли духтарро сиёҳ гуфтааст, духтар - кабуди баланд. Интиҳо он намоянда чунин хулоса кардааст: азбаски ранги рӯймол ба сиёҳ хеле моил аст, бастанаш мумкин нест. Намедонӣ, ки ба ин трагикомедия бихандӣ ё бигирйӣ.
Фарҳанги либос мутлақ нест...
Ҳар навъ либосе, ки барои соҳибаш зебанда ва баъдан роҳат бошад, равост. Дигар меъёрҳои шарқиву ғарбӣ гуфтан афсона пардохтан аст. Фаразан, дар Шарқ ба аломати эҳтиром кулоҳ ё тоқӣ мепӯшанд, дар Ғарб онро (чизе, ки бошад) аз сар мегиранд. Дар Ғарб ҳангоми таомхӯрӣ либоси расмӣ мепӯшанд, дар мо ҳар чизе, ки рост омад. Инҳо ҳам нисбӣ ҳастанд ва кори фардии ҳар кас. Ва ниҳоят: ҳоло саноати либос хеле тараққӣ кардааст ва навъҳои гуногуни либосҳоеро дучор шудан мумкин, ки барои ташхиси онҳо шояд комиссияҳои махсус ташкил кардан лозим шавад. На ба варзишӣ монанд, на ба расмӣ, чизе миёна...
Ба ҳар ҳол, худи одам бидуни мудохилаи дигарон бояд муайян кунад, ки чӣ пӯшад, чӣ гуна пӯшад ва дар куҷо пӯшад. Вассалом...
Ҳафиз РАҲМОН
Омӯзгор