ХАБАРИ ДОҒ

Вақте омӯзгор имтиёз надорад…

  • Чоршанбе, Май 04 2022

 

Солҳои охир ба мактабҳо хатмкунандагони коллеҷу донишгоҳҳо ба кор меоянд, ки ҳатто дар навиштани номи худ ғалат мекунанд. Ин албатта таъсири манфии худро мерасонад. Шахсоне, ки аз ҳисоби давлат, яъне буҷет хонда тамом мекунанд, каму беш ба дониш соҳиб буда, аз ӯҳдаи ихтисоси худ мебароянду кор карда метавонанд. Вале афсӯс, ки аксарияти шахсони соҳиби дипломи ба тариқи шартнома шуда, на савод доранду на фаҳмиш! Ин хёнати рӯирост ба халқу миллат аст.

Обрӯи  омӯзгорро ба раҳматномаву ифтихорномаҳо баланд бардошта намешавад. Чӣ тавре, ки русҳо мегӯянд офаринро дар рӯи нон молида хӯрда нашавад. Муаллим имрӯз вобастаи тамоми корҳои ҷамъиятӣ гашта, дарсу толибилм 1 сӯ мондааст. Муаллим чигуна рузгори хешро пеш барад, вақте лоақал аз кӯчактарин имтиёзи коммуналӣ-пардохти пули барқу обу партов озод нест? Омӯзгор чун дар солҳои иттифоқ аз ягон имтиёз баҳраманд нест ва сари ин масъала вазири нави маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода бояд андешад.  Заҳмати омӯзгор ба заҳмати кӯҳкане, ки дар қаъри кӯҳ «мӯъҷиза» мекобад, баробар аст. Ин заҳмат бояд подоши худро дошта бошад!

Зикриё Дилшод,

ноҳияи Мастчоҳ 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter